Мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки рӯзи 18-уми август ба дарёи Варзоб сарозер шуда буд, баъди ҷустуҷӯҳои зиёд дирӯз, бегоҳии 19-уми августи соли равон, соати 19:10 дақиқа пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинро дар умқи дарё пайдо карданд ва бо василаи техникаи махсус аз об берун оварданд.
Бар асари ин ҳодиса ду нафар ҷони худро аз даст доданд. Инҳо:
- Ҳасанов Авайдулло Нураллиевич, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи мошин. Вале ҷасади ӯ то ҳол пайдо нашудааст.
Ҳамдамов Файзалӣ, соли таваллудаш 1996, истикоматкунандаи вилояти Суғд н.Айнӣ деҳаи Курут. Ҷасади ӯ пайдо шуд ва дирӯз ба хешовандонаш супурда шуд.
- амзамон дар ҷараёни роҳандозии корҳои нафот ҷасади як шаҳрванди дигар пайдо шуд, ки ному насабаш маълум нест. Айни замон дар макони бақайдгирии ниҳоии шаҳрвандон (морг) аст.
- қомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаи маргборро таҳқиқ мекунанд.
Ҷустуҷӯи ронандаи мошин, сокини 56-солаи пойтахти кишвар идома дорад.
ХАБАРҲОИ ҲАМСОН