Фоҷеаи хонаводагии дигар. Ин бор дар ноҳияи Рашт. Як зан худро бо се кӯдакаш ба дарё андохт

Як сокини 30-солаи ҷамоати Ғарми ноҳияи Рашт  бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб андохтааст. Ин фоҷеа соати 12:20 дақиқаи рӯзи 16-уми августи соли равон рух додааст. Наҷотдиҳандагону ғаввосони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Рашт фавран дар ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудагон шуданд.   

Дар ҷараёни ин кофтуковҳо имдодгарон шаш километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар қаламрави деҳаи Навдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ҷасади духтарчаи 3-соларо пайдо карданд. 

Ҷустуҷӯи модар ва ду фарзанди вай: писари 9-сола ва духтари 6-сола идома дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. 

Тавре хабар дода будем, рӯзи 14 августи соли равон, тахминан соати 09:50 дақиқа 4 нафар сокинони деҳаи Махшевад, мавзеъи Куруни Сиёҳи ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шуданд. Ҳалокати як хонаводаи чорнафара дар Айнӣ, ки мехостанд бо заврақи худсохт дарёро убур кунанд.

Ба гуфтаи манбаъ заврақ аз беэҳтиётӣ чаппа шудааст ва ин чор узви як хонадон, ки падар 61-сола ва боқӣ аъзои оила аз 33 то ду сол доштанд, ба коми дарё рафтанд. Хурдсолтарини онҳо тифли дусола, набераи хонадон буд ва модари ӯ 30 сол доштааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудагон то ҳол идома дорад. Имдодгарон мегӯянд маҷро тез аст, соҳил саропо харсангу сахраҳои азим дорад ва имкони бо заврақ роҳадозии корҳои наҷот амалан вуҷуд надорад. 

ХОНДАНИҲОИ ДИГАР ДАР ИН МАВЗӮЪ

барчасп: