Садамаи мошини боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб. Маълумоти иловагӣ. Панҷ расм аз ҷойи ҳодиса
Чоп шуд: 12/08/2020 | adminСадамаи мошини боркаш, ки аз Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб равон буд, тақрибан соати 02 шаб иттифоқ афтод. Ҳамчуноне дар хабари аввал ҳам ишора рафт, садама дар километри 87-уми роҳи ёдшуда рух дод. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи градании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ин мошин 28 тонна тахтаро ба Кӯлоб мебурд.