Як пистачини норакӣ дар ҷарии умқаш 20 метр сарозер шуд. Дар садамаи Данғара ду бародарон аз Истаравшан ҷароҳат бардоштанд. Ҷавони 19-солаи ҳисорӣ дар Вахш ғарқ шуд.
*** *** ***
Сокини 47-солаи деҳаи Лангари шаҳри Норак ҳангоме ба ҷарии умқаш 20 метр сарозер шуд, ки писта мечид. Ин ҳодиса дирӯз, 11-уми август тақрибан соати 10:30 дақиқа рух дод.
Ба ҷои ҳодиса кормандони Шуъба ва хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак сафарбар шуда, шаҳрванди захмиро аз ҷарӣ берун оварданд ва ба бемористони шаҳри Норак интиқол доданд.
Духтурон ҳолшро хуб арзёбӣ мекунад.
*** *** ***
Дар садамаи мошин, ки рӯзи гузашта дар 87-уми километри шоҳроҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб рух дод, ронанда ва мусофираш ҷароҳат бардоштанд. Ин мошини боркаши тамғаи “Дулон” нимишабӣ аз шаҳри Душанбе берун шудааст ва ба самти Кӯлоб равона. Садама соати 02:05 дақиқа рух додааст ва мақомот гуфтаанд, ки ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.
Кормандони дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар минтақаи Кӯлоб ронанда ва мусофири ӯро, ки ду бародар аз ноҳияи Истаравшан будаанд, аз дохили мошин берун оварда, ба беморхонаи ноҳияи Данғара интиқол додаанд.
*** *** ***
Дар дарёи Вахш рўзи 9 августи соли равон, соати 18:00 як шаҳрванди 19-солаи деҳаи Буриёни ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кӯлоб аз субҳи рӯзи 10-уми август баъди дарёфти хабар даст ба амалиёти ҷустуҷӯ заданд ва танҳо бегоҳии рӯзи 11-уми августи соли равон ҷасади ӯ 5 километр поинтар аз маҳалле, ки ғарқ шуда буд, пайдо ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳузур дар соҳили обҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Қоидаҳои шиноварӣ надониста вориди ҷараёнҳои пурхурӯши дарёҳо наҳаванд.