Кормандони Раёсати Кумита паёмадҳои “заминларза” дар шаҳри Гулистонро бартараф карданд
Чоп шуд: 21/08/2020 | redaktorРӯзи 21-уми августи соли 2020 соати 5-45 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларзаи сахт ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи маълумоти стансияи сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази заминларза 320 км шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 15км дуртар аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди шаҳри Гулистон буда, дар маркази заминҷунбӣ қувваи он 5,5 баллро ташкил дод.