Рӯзи 21-уми августи соли 2020 соати 5-45 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларзаи сахт ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи маълумоти стансияи сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази заминларза 320 км шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 15км дуртар аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди шаҳри Гулистон буда, дар маркази заминҷунбӣ қувваи он 5,5 баллро ташкил дод. Чунин буд сенарияи як тамрин, ки Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳандозӣ кард.
Дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2020 ва бо мақсади санҷидани сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо рӯзи 21-уми августи соли 2020 дар заминаи беморхонаи марказии шаҳри Гулистон машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзўъи "Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании беморхонаи марказии шаҳри Гулистон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда (заминларза)” ташкил ва гузаронида шуд.
Вазъияти шартии машқ чунин буд:
Рӯзи 21-уми августи соли 2020 соати 5-45 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларзаи сахт ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи маълумоти стансияи сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази заминларза 320 км шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 15км дуртар аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди шаҳри Гулистон буда, дар маркази заминҷунбӣ қувваи он 5,5 баллро ташкил дод.
Дар натиҷаи заминларза дар иншоотҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, истеҳсолӣ рехтани андова, шикастани шишаҳои тирезаҳо, маҳкам гардидани дарҳо, афтодани иншоотҳои садамавӣ ва таъмирталаб, канда шудани хатти алоқа ва барқ, садамаҳо дар шабакаҳои коммуналӣ-энергетикӣ ва сўхторҳо ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла дар ҳудуди беморхонаи марказии шаҳри Гулистон канда шудани қисми таъмирталаби бино, зери вайронаҳо мондани коргарон ва сўхторҳо ба қайд гирифта шуданд.
Бо мақсади баҳо додан ба вазъият ва муайян намудани ҳаҷми зарар ва андешидани чораҳо ҷиҳати рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда комиссияи ҳудудии беморхонаи марказии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба фаъолият шурўъ намуданд.
Бо дар назардошти вазъияти ба амал омада, инчунин зиёд будани масоҳати зарар ва зарардидагон комиссия ба хулоса омад, ки то омада расидани қувваҳои асосӣ ва эҳтиёти аз шаҳру ноҳияҳои наздиктарин дар ҳамаи ташкилотҳо ва ҳудудҳои маъмурӣ бо истифодаи қувваю воситаҳои мавҷуда корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода оғоз карда шуда, дар мўҳлатҳои муқаррар гардида маълумотҳо оиди иҷроиши корҳо ба Ситоди рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр ирсол карда шаванд.
Дар вақти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо риояи қоидаҳои бехатарӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, аҳолии зарардида бо воситаҳои аввалиндараҷаи зарурӣ таъмин карда шуд. Ҷароҳат бардоштагон ба муассисаҳои тиббии шаҳр ва шаҳру ноҳияҳои наздиктарин интиқол дода шуд.
Даври аввал, ки "Хабардоркунӣ ва ҷамъшавӣ" ном дошт, рӯзи 21-августи соли 2020 соати 5-45 оғоз шуд. Ба навбатдори беморхонаи марказии шаҳри Гулистон аз тарафи сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бонги "ҶАМЪ-111" дода шуд. Бо гирифтани бонги "ҶАМЪ-111" навбатдор дар мувофиқа бо роҳбарияти хадамот ҳайати роҳбарикунанда, сардорони фармондеҳ ва коргарону хизматчиёнро хабардор намуд.
Ҳамзамон бо ҷамъ шудани ҳайати роҳбарикунандаи хадамот дар толори корхона ҷаласаи ситоди роҳбарикунандаи машқ гузаронида шуд, ки дар он Роҳбари тамрин иштирокчиёнро бо вазъиятии шартии машқ шинос намуд ва иҷроиши вазифаҳо супоришҳои мушаххас дод. Давраи дуюм " Иҷрои корҳои амалии наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир" буд. Заминларза соати 05:45 дақиқа рух дод. Бо эҳсос намудани заминларза кормандони хадамот ҷойҳои бехатар утоқи кориро ишғол намуданд. Баъд аз гузаштани заминларза бо бонги хатар ҳамаи кормандони хадамот аз тарафи комиссияи эвакуатсионӣ ва нерўҳои ғайриҳарбӣ ба маҳали бехатар саҳни кушоди бинои корхона баромаданд. Дар ҷои бехатар кормандон ҷамъ карда шуда, аз қайд гузаронида шуданд. Нерўҳои ғайриҳарбии корхона бо воситаҳо ва лавозимоти наҷот барои иҷрои корҳо омода карда шуданд.
Маълум шуд, ки дар натиҷаи заминларза дар дохили биноҳои корхона дар ҳуҷраҳои кории кормандон 23 нафар зарар дида, берун баромада натавонистанд. Дар назди биноҳои корхона дар натиҷаи канда шудани ноқилҳои барқи ва расиши кўтоҳ сўхтор ба амал омада ба молу мулки давлатии корхона хатари ҷиддӣ эҷод намуда истодааст.
Бо гирифтани маълумотҳои дақиқ аз тарафи сардори мудофиаи граждании корхона оиди бартараф намудани оқибати ҳолатҳои фавқулодда фармон дода шуд. Бо гирифтани фармон звенои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ атрофи биноҳои корхонаро иҳота намуд. Звенои наҷот зарардидагонро берун аз биноҳо бароварда, аз тарафи нуқтаи санитарӣ ёрии аввалия расонида шуда, зарардидагон ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шуданд. Сўхтори ба амал омада аз тарафи бахши оташнишонӣ бартараф карда шуд.
Давраи сеюм "Таҳлил ва ҷамъбасти машқ" буд.
Баъд аз ба анҷом расидани корҳои наҷот ва дигар чораҳои таъхирнопазир ва додани гузориши командирони нерўҳои ғайриҳарбӣ оиди иҷрои вазифаҳои гузошташуда давраи дуюми тамринба анҷом расонида шуд.
Дар ҷамъбасти там рин камбудиҳои ошкоршуда аз тарафи роҳбар машқ қайд карда шуда, барои бартараф намудани онҳо мўҳлатҳо гузошта шуд. Иштирокчиёни фаъоли машқ ба ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотирави сарфароз гардонида шуданд.
Шахзодабону Нуриддинзода