Хабарҳои ин соат: Ҷасадҳои пайдошуда аз обҳо. Рамзияи шашсоларо ҳам ёфтанд. Ҷустуҷӯи ронандаи Мерседес идома дорад

Дирӯз, 20 уми август ғаввосону наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҷасадро дар обҳои кишвар пайдо ва ба мақомоти марбута супурданд. Духтарчаи шашсоле, ки модараш ба дарё афканда буд, низ пайдо ва ҷанозааш ба хок супурда шуд. Аммо ронандаи Мерседес ҳамоно нопайдост.

***   ***   ***

Ҷасади сокини 65-солаи ҷамоати деҳоти Пулутони шаҳри Конибодомро бегоҳии дирӯз, 20-уми августи соли равон пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Ин зан бо сабабҳои номаълум худро рӯзи 15 августи соли равон ба канали Секубур партофта буд.

Сабаби худкушии занро мақомот тафтиш мекунанд.  

 ***   ***   ***

Ҷасади Рамзияи шашсола, ки модараш бо ду тифли дигари худ ба дарёи Сурхоб андохта буд, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт рӯзи 20 августи соли равон дар мавзеъи Хуфаки ҷамоати Хундони ноҳияи Нуробод пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ин зан худро бо се фарзандаш рӯзи 16-уми август бо сабабҳои номаълум ғарқи дарёи Сурхоб карда буд. Ҷасади духтари сеолаи ӯ худи ҳамон рӯз, ҷасади модар рӯзи 19 август пайдо шуда буд. Ҳоло ҷустуҷӯи писари 9-солаи ин зан идома дорад.

***   ***   ***

Рӯзе қабл аз худкушии як марди 50-сола аз деҳаи Даштаки ноҳияи Роштқалъа хабар дода будем. Субҳи имрӯз, 21 авгус, тахминан соати 05:30 дақиқа аз деҳаи Анҷини ҷамоати деҳоти Роштқалъа ҷасади ӯро пайдо карданд ва ба хешовандонаш супурданд.

Сабаби худкушии ӯ низ маълум нест. 

  ***   ***   ***

Аз сарнагун шудани мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” бо ронанда ва ду мусофираш рӯзи 19-уми август хабар дода будем. Ин мошин, ки аз Суғд ба самти шаҳри Душанбе равон буд, ба умқи дарёи Варзоб сарозер шуд.

Дар рафти роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади як марди номаълум ҳам пайдо шуда буд.

Ҳоло аниқ шудааст, ки марҳум сокини 61-солаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ будааст. Дирӯз ме ҷасад низ ба соҳибонаш супурда шуд.

Иллати марги ӯ дақиқ маълум нашуд.

Ҷустуҷӯи ронандаи мошини Мерседес идома дорад ва хабари пайдо шудани он нашр хоҳад шуд. 

барчасп: