Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва баланд бардоштани сатҳои чорабиниҳои пешигирикунанда дар ин самт дар саросари кишвар тадбирҳои маҷмуъӣ роҳандозӣ мекунад.
Гурӯҳҳои зудамал аз ҳисоби наҷотдиҳандагон, табибон ва кимиёшиносон барои баргузории корҳои зиддиуфунӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд чораҳо меандешанд.
Чунончӣ, 20 августи соли 2020 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо ёрии техникаи махсус, пошандаҳои дастиву муҳаррикдор корҳои уфунатзудоӣ дар ҳудуди бозорҳо, марказҳои савдои шаҳри Хуҷанд ба роҳ монданд.
Ба ин ҳадафҳо бештар аз 4000 литр малули гипохлорити натрий истифода шуд.