Садамаи мошини боркаш, ки аз Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб равон буд, тақрибан соати 02 шаб иттифоқ афтод. Ҳамчуноне дар хабари аввал ҳам ишора рафт, садама дар километри 87-уми роҳи ёдшуда рух дод. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи градании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ин мошин 28 тонна тахтаро ба Кӯлоб мебурд.
Баногоҳ дар километри 87-ум дар қаламрави ноҳияи Данғара, ҷамоати Оқсу дучори садама шуд. Ронанда Хушвақ Абдуллоев беосеб аз мошин берун шудааст, аммо мусофири он Фаррух Абдуллоев дар дохили мошин мондааст.
Кормандони Кумита якҷо бо сардори БДА, кормандони тиб ва шаҳрвандон бо воситаи 1 мошини ёрии таъҷилӣ, 2 мехлопата, 2 кран ва нақлиёти дигари боркаш барои наҷот додани шаҳрванди мазкур ҷалб карда шуданд ва соати 06:20 дақиқа ӯро аз дохили мошини садамадида берун оварданд ва ба бемористон интиқол доданд.
Аксҳо аз ҷойи ҳодиса гирифта шудаанд.
М.Муйдинов