Август маъмулан моҳи гарм аст, дар гузашта чунин буд, имрӯз ҳам чунин аст. Бахусус ин шабӯ рӯз мебинем, ки гармии он тоқатфарсотар аз солҳои пеш аст. Ва дирӯз, 11-август ҳодисае дар ноҳияи Лахш рӯй дод, ки дар сурати идомадору серобтар омадани сел ҳаҷми харобиҳо меафзуд. Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар ноҳияи Лахш тақрибан соати 13:20 дақиқа, дар километри 250 шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол-Саритош, ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, ба дарёчаи Арчакапа сел омад ва қисман пеши роҳи дарёи Сурхоб баста гардид.
Дар ин сел 2 адад симчӯби барқ чаппа гардида, тақрибан 200 метр роҳи мошингард аз сангу шағал пур шуда, ҳаракати нақлиёт муваққатан баста шуд.
Аз ҷониби сардорони шубаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рашт, Тоҷикобод, Нуробод ба аҳолие, ки дар назди соҳили дарёи Сурхоб истиқомат доранд, оиди ҳодисаи баамаломада хабар расонида шуд.
Соати 20:35 дақиқа, маҷрои дарёи Сурхоб кӯшода гардида, бо ҷалби 2 адад техникаи муҳандисӣ, самти роҳ аз сангу шағал тоза шуд, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.
Ва дар ҳамин иртибот хабари дигар. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар иттило медиҳад, ки рӯзҳои 11-15 августи соли 2020 ба сабаби гармии бесобиқ эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои ВМКБ, бахусус дар ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим ва Шуғнон зиёд аст. Ба ҳамин сабаб Кумита аз сокинони ин ноҳияҳо хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошад. Бахусус ҳангоми анҷоми корҳои саҳро, шикор, ғунучини ҳезум, моҳидорӣ ҳушёр бошанд.
Сели беборон метавонад бар асари аз гармии шадид об шудани пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ояд ва ин ҳам як рӯйдоди басо ногаҳонист, ки метавонад ба хоҷагии хақл, манзили сокинон ва киштаҳои онҳо зарар расонад.
Пас эҳтиёт ва ҳушёрӣ дар ин рӯзҳо шарт аст, то ҷони худу атрофиёнро ҳифз кунем.