Фоҷеаи мудҳиш. Хонаводае иборат аз 4 нафар ба ҳам ба коми дарё рафтанд. Зарфи ҳаддақал як даҳсолаи охир ин минтақа ин гуна фоҷеаро ёд надорад. Ёдашон ба хайр!
Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 14 августи соли равон, тахминан соати 09:50 дақиқа 4 нафар сокинони деҳаи Махшевад, мавзеъи Куруни Сиёҳи ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шуданд.
Ба гуфтаи манбаъ заврақ аз беэҳтиётӣ чаппа шудааст ва ин чор узви як хонадон, ки падар 61-сола ва боқӣ аъзои оила аз 33 то ду сол доштанд, ба коми дарё рафтанд.
Хурдсолтарини онҳо тифли дусола, набераи хонадон буд ва модари ӯ 30 сол доштааст.
Баъд аз гирифтани ахбороти фаврӣ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Айнӣ ва Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон сар карданд. Вале дирӯз ин кофтуков ва ин ҷустуҷӯҳо натиҷа надод. Аз субҳи имрӯз корҳои наҷот аз сар гирифта шуданд.
Тафсилоти хабар нашр мешавад.