Вокуниши фейсбукиён ба худкушии модар бо се фарзанди ноболиғаш

Аз он рӯзе, ки хабари сар ба дарё бурдани модар бо се кӯдакаш расонаӣ шуд, чуноне интизор мерафт, миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук баҳсҳое оғоз шуд. Гурӯҳе изҳори назари худтро танҳо маҳдуд ба изҳори таъзия ва талаби омурзиши гуноҳашон аз Офаридгор мекарданд. Гурӯҳи дугар нуқтаву назари худро дар атрофи фоҷеа иброз медоштанд.

Ҳакамии ин рӯйдодро ба мақомоти қудратӣ вогузор мекунем, чун ин вазифаи онҳост, ки мӯйро аз хамин ҷудо кунанд. Он чӣ зиёдтар атрофи ин ҳодиса метавон гуфт ҳамон ҳолати рӯҳии зудгузар аст, ки баъзеҳоро ба содир кардани амалҳои қотеъ таҳрик медиҳад, вале баъзеи дигар то расидан ба маконе, ки ин амалро иҷро бояд кунанд,  рафторашон тағйир меёбад: оромтар мешавад, шояд ба оянда ба чашми дигар менигаранд, шояд ҷонро ширинтар меёбанд, шояд бозмондагонро фикр мекунанд. Аммо онон ки амалӣ фаврӣ анҷом медиҳанд, эҳсосро наметавонанд идора кунанд ва тасмимашон амалӣ мешавад.

Танҳо дар ҳамин се рӯзи охир ду ҳолати худкушӣ сабт шуд: яке ҳамин модари се фарзанд, ки худ ва фарзандони ноболиғашро ба дарёи Сурхоб  андохт ва дигар  марди баркамале, ки дар Роштқалъа  хешро ба дарёи Шоҳдара сарозер кард. Ҷасади зан ва як фарзандаш пайдо шуд, ҷасади марди роштқалъаӣ ҷустуҷӯ мешавад.

Иллатҳои худкушии занону модарон ва мардону ҷавононро метавон дар як суҳбати муфассал бо равоншиносон таҳлил кард. Аммо ҳоло коре, ки мекунем вокуниши хонандагон ба рӯйдодро гулчин мекунем. Ин ҳам як баррасӣ аст, ин ҳам ҳушдорест ба дигарон, ки ҳаргиз дар иҷрои тасмими фоҷеавӣ набояд саросема шуд. Муддатеро ба оромӣ ба сар бояд бурд, то хашм фурӯ нишинад.

Инак, вокуниши фейсбукиён ба як матлаби сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис тон.  
Як зан худро бо се кӯдакаш ба дарё андохт

Чизеро таҳрир намекунем, балки он чӣ навиштанд, айнан меорем:

Тухфа Ахмедова:  Бо се кудак ба хонаи падар баргардад касе ба уву фарзандонаш руи хуш намедиханд, ба хусус агар дар хона янгахо бошад. Бар замми ин мардум аз азобу машаккаташ намегуянду махкумаш мекунанд. Хама гунох ба сари зани бечора.. Ягон зан аз хушбахтию зиндагии хуш касди худкуши нахохад кард. Шояд бо се кудак макони зисту чои кор надошт то мустакилона аз паи таъмини зиндагии худ фарзандонаш шавад. Аз чунин холатхои очизонаи занону духтаронашон баъзе номардон суистифода карда хам хаети зану хам духтарашро иесузонанд.

Як зани бемаълумот бо се фарзанд аз шавхараш чудо шуда ба хонаи падар баргашт, аммо бародару янгааш рох надодаанд, ноилоч ичоранишин ва фарроши кард. Аммо марди 46 солаи ичора додаи беимон аз нотавонию ночории у истифода бурда духтари 12 солаашро бо фиреб ба никохаш дароварда тачовуз кард. Шояд аз тарси бесохибию дар ба дари ва бадноми худкуши карда бошад!

 Самира Самира:  Ин қадар мурданҳо кам аст,ки бо ин зан ҷони се нафари дигарро ҳамроҳи худ бурд.Барои чӣ занҳои мо чунин амали ношоистаро ба худ раво мебинанд.Фарз кардем зиндагит мушкилӣ дорад,баро аз шавҳарат бо хости дилат зиндагӣ кун,Кудакон чӣ гуноҳ дрштанд охир?Бақлӣ аз ин зиёд намешавад.Афсус,Худо ҷоятон ҷаннат бошад.Хоҳиш мекунам аз занҳои азиз,ки ин роҳи халосӣ аз мушкилиҳо нест,мубориз бояд буд, дар ҳама пастию баландиҳои рузгор сабр пешаи мо бояд бошад.Худо ҳидоятон кунад.

Субхонкул Усмонов: Баъзе занҳо аз шариат дуршуда рафтаанд, бо роҳи шаръ рафтор накарда бо роҳи шайтон мераванд, зиндагонет мушкил бошад, ба якҷо муроҷиаткун, шарт-ми шавҳар ё хешонаш бадикарданба, қасос гирамгуфта худу фарзандона куштан, инхел модаро модари шайтон намодари инсон.

Shoira Shoira:    в суицидологии этот вид самоубийства назыаается "расширенным самоубийством" когда жертва не хочет подвергать детей мучениям после своей смерти. Чаще всего из- за экономических неурядиц и нищеты.

Noza Ahmedova:  бедная женщина не хотела их оставлять. Они часть ее сердца

Набиҷон Худойбердиев:         Илохо, дигар ягон бандаат аз ноилочи ба ин кор даст назанад. Дар хама холат сабрамон дех!

Шерзода Хуршед:    Ээээ вой дарего аз чамбру чафои рузгори сахт ва азобу машакати зиёд шояд ки медонад шояд манзили зист надоштанд ё ки чанчоли хонаводаги сабабхо зиёданд вале афсус сад афсуси кудакои нокому бечора

 Махмадсодик Джалолов: Бо кадом сабабе набошад бояд кудаконро намекушт.Аллоҳ мағфираташ кунад.

Оиша Тохирзода:    Ба хама пастиву баландихои зиндаги шукр ва сабр бояд кард. Худованд собиронро дуст медорад. Кудакони бечора чи гунох доштанд.

 Мунира Ахмедова:          Ин зиндаги пастию баланди дорад хар кас намебардорад кудако чи гунох доран чояшон чанат шавад

 Zebi Olam: тоба ин фикрои бада аз сари хар бандаи худ дур созад омин

Оймох Хасанова: Сабгоронро ебанду ҷазо диҳанд ва бо оинаи нилгун намоиш. Вале боз ҳам афсус ки ҷони ҷавонмаргонро бозпас наматавон гардонд.

Бобомурод Исмоилов:  Худо гуед ки вазнинии зиндаги ба саратон набиёяд. Бисьёрихо ба касалии васвос гирифтор мегарданд. Тавба. Худованд нигахбон бошад хар яки мову шуморо.

барчасп: