“Мерседес Бенс” бо ронанда ва мусофиронаш ба дарёи Варзоб сарозер шуд. На аз мошин хабареву на аз мусофиронаш. Ҷустуҷӯ идома дорад

Ин ҳодиса дирӯз, 18 августи соли равон дар километри 55-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух дод. Тибқи иттилои муовини сардори Раёсати шуъбаи бехатарии ширкати IRS Зикриё Олимов мошини сабукрави тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ногаҳон аз масири аслӣ хориҷ ва ба дарёи Варзоб сарозер шуд. Манбаъ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки мошин ба умқи дарё рафт ва аз назарҳо нопадид шуд.

Фавран ба ҷои ҳодиса сардори шуъбаи Кумита дар ноҳияи Варзоб ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар карда шуданд, корҳои кофтуковӣ шуруъ гардид. 

Дар километри 54-уми шоҳроҳ аз дохили дарё ҷасади 2 нафар марди шахсияташон номаълум пайдо шуд ва онҳоро ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ҷустуҷӯ идома кард, вале аз мошин ва ронандаву мусофирони он хабаре нашуд.  

Сабаби сарнагунии мошин ба дарё маълум нест. Эҳтимол меравад ба иллати суръати баланди ҳаракат ронанда онро натавонистааст идора кунад. 

Хабари муфассал дар ин бора нашр хоҳад шуд.

барчасп: