Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи воҳидҳои сохтории КҲФ чорабиниву мулоқотҳои мухталиф баргузор карда шуданд. Дар ин нишастҳо ба сарбозони навдаъват дар бораи таърихи ташаккули КҲФ нақл ва оид ба 26 соли фаъолияти он маълумот дода шуд.
Ғайр аз ин бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи сарбозон аз ҷониби ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, корхонаҳо ва муассисаҳо пайваста ба қисмҳои ҳарбӣ кумак расонда мешавад.
Чунончӣ, дар яке қисмҳои ҳарбии Кумита бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ аз оилаи Сатторовҳо, ки дар шаҳри Ҳисор зиндагонӣ мекунанд, маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, картошка, сабзӣ, карам, бодиринг, помидор кумак карда шуд.
Намояндагони ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор сарбозону афсарони қисми ҳарбиро ба муносибати 26-солагии таъсиси Кумита табрик карданд.
Дар поёни чорабинӣ барои сарбозон барномаи идонаи консертӣ намоиш доданд.