Бо мақсади пешгирӣ аз густариши вируси корона КОВИД-19 миёни хонандагони мактабҳо ва кӯдакистонҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи волидон як қатор тавсияҳоро пешкаш мекунад. КҲФ ба падарону модарон ёдовар мешавад, ки хатари сироят ба коронавирус ҳамоно таҳдид мекунад ва онҳо набояд бепарво бошанд. Ин тавсияҳо хеле одиянд ва иҷрои онҳо мушкиле намеорад. Аммо дар сурати иҷро ва риоя хавфи сироят шудани фарзандон ба ин вируси хатарнок аз байн меравад.
- Дар навбати аввал ба фарзандонатон дар бораи хатари коронавирус нақл кунед ва зарур будани риояи қоидаҳои беҳдоштиро фаҳмонед.
- Дуюм, дар мисоли худ пойбанд будан ба риояи қоидаҳои пешигирикунанда аз сироят ба коронавирусро амалан нишон диҳед. Яъне, пӯшидани ниқоб, шустани дастон, даҳону бинӣ ва рӯй, то ҳадди имкон кам кардани иртиботҳои бо атрофиён ва рафтан ба ҷойҳое, ки маъмулан одамони зиёд ҷамъ меоянд, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ғайра.
- Ғайр аз ин зарур аст, ки аз ҷониби кӯдак риоя шудани қоидаҳои беҳдоштӣ муттасил санҷида шавад, аз ҷумла шустани дастон, истифодаи антисептикҳо ва ғайра.
- Ҳамчунин волидон бояд нишонаҳои COVID-19-ро донанд ва дар ҳоли зарурат бо духтури муолиҷ дар иртиботи доимӣ бошанд.
ДАР ИН БОРА БОЗ ЧИРО БОЯД ХОНД:
-
Чӣ гуна бо кӯдакон дар бораи коронавирус (COVID-19) бояд сӯҳбат намуд
-
Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳатман ниқоб бипӯшед!
-
КҲФ: истеъмоли дурусти ғизо ҳангоми пандемия
-
Ҷасади фавтидагон аз Сovid - 19 то куҷо ба атрофиён хавф дорад? Андешаҳои табиб
-
Аз таҷрибаи беруниён: Оби бинию даҳони шахси бемор хатарноктарин манбаи вирус мебошад
-
Ёддошт оид ба пешгирии коронавирус
-
Қоидаҳои пешгирӣ аз короновирус. Навори видеоӣ
-
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ. Барои пешгирӣ аз сироят ба короновирус чиро бояд донист?
-
Короновируси 2019 – н КоВ: Аввалин дастур ҷиҳати ҳимоя аз ин вирус, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омода кардааст