Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 6-уми октябри соли 2020 дар ноҳияҳои наздикӯҳии кишвар сардиҳои аввалини сол мушоҳа хоҳад шуд. Болои хок дамои ҳаво аз – 0 до - 4°С сард мешавад.
Дар ҳамин иртибот КҲФ ба аҳолии ин ноҳияҳо муроҷиат мекунад, ки сардиҳои аввалин ба ҳосили саҳро таъсири манфӣ метавонад расонад. Аз ин рӯ тавсия мешавад, ки сари вақт ҳосили расидаи кишоварзиро ҷамъоварӣ кунанд ва зироати норасидаро тибқи қоидаҳои агротехникӣ бо пардаи плимерӣ, пахол ва ё маводи бетору пуд бипӯшонанд.
Ҳамзамон ба сектори ҳайвонпарварӣ бештар бояд диққат дод. Ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳ хеле бояд эҳтиёткору ҳушёр буд.
КҲФ ҳамчунин ба ронандагон дар бораи хатари роҳҳо дар чунин боду ҳаво ёдовар мешавад. Боришот ва яхбандиҳо ва сармо метавонад ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ халал расонад.
Ба соҳибони мошинҳо ва пиёдаравон маслиҳат медиҳем, ки хеле эҳтиёткор ва ботаваҷҷуҳ бошанд.