Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми туман ва яхбандӣ

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар саросари кишвар сард мешавад. Боронҳои зиёду резиши барф бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ хатар эҷод мекунанд. Аввалин хабари резиши санг дар роҳи Душанбе – Хоруғро шояд ҳоло хондед. Резиши санг дар Рузвай Ин гуна ҳодисаҳо бояд ҳушдоре ба ронандагон бошад, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳои душворгузар хеле эҳтиёткор бошанд.

Як мушкили дигар туман аст. Ин падидаи табиат ҳатман мушкили зиёде дар ҳаракати мошинҳо эҷод мекунад. Зеро масофаи биниш наздиктар мешавад, бахусус ҳангоми расидан ба гардиҳо бояд бадиққат буд ва кулли қоидаҳои ҳаракатро риоя намуд.

Дар иртибот ба яхбандиҳо ва туман дар роҳҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар чанд тавсияро ироа мекунад.

Ҳангоми туман:

Туман чунин хатарҳоро ба монанди коҳиши биниш, монеаи ҳаракат дар роҳ ва афзоиши эҳтимолияти садамаҳои нақлиётӣ ба вуҷуд меорад. Барои он ки одамон дар туман ҳаддиақал худро ҳифозат кунанд, зарур аст:

- шахсоне, ки гирифтори бемориҳои дилу раг ва зиққи нафас мебошанд, аз баромадан ба кӯча худдорӣ намоянд;

- пиёдагардон бояд ҳангоми убур аз кӯчаҳо ва роҳҳо ниҳоят эҳтиёткор бошанд;

- ронандагони воситаҳои нақлиёт суръати ҳаракатро суст кунанд ва қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд;

- ронандагон даст аз пойгаву пеш гузаштанҳо бардоранд, то ҳолатҳои садамавиро дар кӯчаҳо ба вуҷуд наоранд;

- эҳтиёткор бошед, ба ҳеч вақт ба баланд кардани суръати ҳаракат роҳ надиҳед, оромона мошин ронед, то озодона ва беосеб ба манзил бирасед;

- ҳангоми убур аз чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагузар ба ҳаракати одамон эътибор диҳед; 

 

КҲФ ЁДОВАР МЕШАВАД: ФАРОМӮШ НАКУНЕД, КИ ТУМАН   БАРОИ КУЛЛИ КАСОНЕ, КИ ДАР САФАРАНД, ХАТАР ДОРАД. ПАС ХУДРО АЗ ХАТАРҲОИ ЭҲТИМОЛӢ ҲИФЗ КУНЕД!

 

Тавсияҳо барои аҳолӣ дар ҳолати яхбандӣ:

- чун ҳамеша ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоме, ки дар роҳҳои пурбарфу яхӣ ҳаракат мекунанд, эҳтиёткор бошанд. Хуб мебуд агар ронандагони бетаҷрибаву навкор дар чунин рӯзҳо аслан ронандагӣ накунанд. Шоҳидем, ки аксари садамаҳо бо айби ҳамин навронандагон сурат мегиранд.  Пеш аз он ки ба роҳ бароед, аввал бубинед, ки чархҳои мошинатон ба ҳавои зимистону барфу ях муносибанд? Куҳна нестанд, фарсуда нашудаанд? Боз бубинед, ки барои дар роҳҳои яхиву барфӣ ҳаракат кардан, чӣ намерасад? Оё сӯзишвории эҳтиётӣ доред? 

- эҳтиёкор бошед, суръатро ҳаргиз боло набаред.

- вақте ба гузаргоҳҳо мерасед, боз ҳам суръатро суст кунед, пиёдаравонро эҳтиромона иҷозати гузар диҳед, шитоб чаро ва то куҷо?

- фосилаи байни мошинҳоро риоя кунед. Бахусус, агар роҳҳо яхбаста бошан;

Ба пиёдаравон:

- саросема нашавед, ҳангоми убур аз роҳ бадиққат бошед. Ба пиронсолон тавсия дода мешавад, ки асои резинӣ ё чӯбчаи махсусро бо хӯшаҳои кунҷдор истифода баранд.

- пойафзоли лағжандаро напӯшед, пойафзоле пӯшед, ки шуморо аз афтидан дар яхҳо ҳифозат кунад. Қадам оҳиставу дониста монед.

- ҳангоми ҳаракат дар роҳ аслан ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҳамеша ба зер нигоҳ кунед, мабодо, ки болои як по гузоред ва афтед. 

 

Бодиққат ва эҳтиёткор бошед!

Дар ҳоли зарурат бо телефонҳои 112, Қисми навбатдории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед!