Қоидаҳои бехатарӣ

Нуҳ нафар сокинони Муъминобод гирифтори ботулизм дар бемористон бистарӣ шуданд. Ин чӣ беморист ва чӣ бояд кард?

Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҳодисаи заҳролуд шудан аз хуриши ба истилоҳ “зверобой” кашф шуд. Тибқи иттилои расида то ба ин замон 9 нафар аз ҷумлаи сокинони ин ноҳия дар бемористон бистарӣ шудаанд.

8 ноябри соли 2021 тахминан соати аз 6:00 субҳ то 10:53 ба беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоби вилояти...

Хатари ҳавои тирамоҳӣ. Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 28 то 31 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла дамои ҳаво паст рафта, борон ва дар баландиҳои болотар аз 2000 метр барф меборад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ барфи шадид меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин меравад. 

Бабр дар оғили як сокини ноҳияи Ишкошим 31 сар чорвои хурдро даридаст

Ин ҳодиса субҳи рӯзи 20-уми октябри соли равон тахминан соати 4:00 дар деҳаи Зонг, ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошими ВМКБ рух додааст. Бабри хашин вориди оғили як сокини ин деҳа шуда 31 сар чорвои хурдро дарондаву ду сари он ва 2 сар чорвои калонро захмӣ кардааст.

Ҳамлаи бабр ба моли мардум дар ин минтақа бори аввал...

ЗАМИНЛАРЗА, ЗИЛЗИЛА...Аз маънои луғавӣ то тавсияҳо барои бехатарӣ

Ҳар сол дастгоҳҳои зилзиласанҷии олам бештар аз миллион заминларзаро ба қайд мегиранд. Афзоиши нуқтаҳои мушоҳидаи заминларза ва такмиили ҷунбишҳои сейсмикӣ имкон дод, ки ҳар даҳсола назар ба даҳсолаи пеш шумори бештари зилзилаҳо дар умқи Замин сабт шаванд. Агар аввали солҳои 1900 наздик ба 40 заминҷунбии то 7 балл ва аз он бештар ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар асри 21  шумори онҳо...

АЗ ДОНИШНОМА. Фурӯ рехтани ногаҳонии сохтмон. Чӣ бояд кард?

Резиши ҷузъи ё пурраи ногаҳонии як сохтмон ҳодисаи фавқулода ва мусибати азим барои бошандагону атрофиёни он аст. Ин ҳодиса хатарҳои зиёд дорад, ки дар натиҷаи иштибоҳу хатоҳо дар бунёди он ба вуҷуд меояд ва тарҳи он нокомилу суфтаву пурра набудааст ва ё созандагон аз бунёди сохтмон аз рӯи тарҳ ақибнишинӣ кардаанд, қонунҳои насбро нодида гирифтаанд. Баъзан ин фурӯравиҳо дар натиҷаи

Страницы