Ин ҳодиса субҳи рӯзи 20-уми октябри соли равон тахминан соати 4:00 дар деҳаи Зонг, ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошими ВМКБ рух додааст. Бабри хашин вориди оғили як сокини ин деҳа шуда 31 сар чорвои хурдро дарондаву ду сари он ва 2 сар чорвои калонро захмӣ кардааст.
Ҳамлаи бабр ба моли мардум дар ин минтақа бори аввал нест. Рӯзҳои 10-11 октябри соли 2020 низ як бабри барфӣ ба хоҷагиҳои Бартанги ноҳияи Рӯшон ҳамла карда, 12 сар чорвои хурди сокинони деҳаи Хичези ҷамоати Бартанг Саодатқадам Таваккалов ва Давлатшоҳ Дастамбӯевро ба ҳалокат расонда буд. Сипас ин бабри барфӣ боздошт шуд, муддате онро нигаҳбонӣ карданд ва баъдан ба кӯҳҳои ноҳияи Мурғоб бурда озод карданд.
Бабри барфӣ дар Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудаву шикору нобудсозии он манъ аст. Ин бабр аз гунаи дар ҳоли инқироз буда, давлат барои ҳимояи насли он чараандешӣ мекунад. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, 70% паҳншавии бабри барфӣ ба ҳудуди Бадахшон ва Помир рост меояд.
Дар ин росто чанд тавсияи басо кутоҳ дорем, ки ба хотири ҳимояи молу чорво ва одамон аз бабри барфӣ ироа мекунем:
– набояд ҳайвоноти хонагӣ беназорат бимонанд. Чорвочаронӣ бояд дар ҳавои рушан, на торику туман ва на шабона сурат гирад. Ҳамеша чӯпон бо моли худ бошад ва ин чӯпон бояд ҳатман бо василаҳои ҳимоя ва мубориза бо ҳайвонҳои ваҳшӣ мусаллаҳ бошад. Шабона молҳо бояд дар макони амн ва боэътимод пинҳон бошанд;
– фермҳо, гӯсфандхонаҳо, молхонаҳое, ки дар деҳоти кӯҳӣ ҷойгиранд, бояд бо девори баландиаш на камтар аз 2,5 метр иҳота шуда бошад. Садди сохташуда бояд тавре бошад, ки гӯсфандону говонро аз ҳар гуна ҳамлаҳои ногаҳонии дарандаҳо ҳифозат карда тавонад. Бояд ба чарогоҳҳои тобистон диққати бештар дод ва онҳо низ бояд ҳатман гирдогирд девор гиронда шудаву шабона ҳифозат карда шаванд. Тавсия дода мешавад, ки аз усулу равишҳои тарсонидани бабрҳо истифода кунанд;
– ҳамаи ҷасадҳои ҳайвоноти мурда бояд сӯзондаву нобуд карда шаванд;
– дар кулбаи шикорчиён, дар бошгоҳҳои тобистонии чорво бояд ҳатман сагҳои хонагиву чӯпонӣ вуҷуд дошта бошанд. Дар ин ҳол сагон низ бояд аз ҳамлаҳои эҳтимолии бабрҳо ҳифозат шаванд. Аз ин рӯ бояд барои сагон паногоҳе сохт, масалан гузаргоҳи танг, сагхонаи муваққатӣ, ки барои бабр дастрас набошад.
Илова бар ин, ҳудудҳои хонаву ҳавлиҳои сокинони он деҳаҳое, ки дар макони зисти бабрҳо, бахусус он хонаводаҳое, ки дар канори ин гуна рустоҳо ҳаёт ба сар мебаранд, деворҳои на пасттар аз 2,5 метр дошта бошанд.