Ҳар сол дастгоҳҳои зилзиласанҷии олам бештар аз миллион заминларзаро ба қайд мегиранд. Афзоиши нуқтаҳои мушоҳидаи заминларза ва такмиили ҷунбишҳои сейсмикӣ имкон дод, ки ҳар даҳсола назар ба даҳсолаи пеш шумори бештари зилзилаҳо дар умқи Замин сабт шаванд. Агар аввали солҳои 1900 наздик ба 40 заминҷунбии то 7 балл ва аз он бештар ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар асри 21 шумори онҳо дар як даҳсола то ба беш аз 4000 адад расид.
Гурӯҳе аз донишмандони Пажӯҳишгоҳи технологии Карлсруэ чор сол пеш натиҷаи як таҳқиқотро расонаӣ карда буданд, ки тибқи он аз соли 1900 то соли 2015 сабаби наздик ба 40% зарари иқтисодӣ дар олам сел буд ва 25 дарсади ин зарарҳо бар асари заминларзаҳо ба иқтисоди олам расиданд. Ин донишмандон муддати дурудароз додаҳо аз бойгониҳои олам бо беш аз 90 забонро дар бораи зилзилаву, селҳо, хушксолӣ, тӯфонҳо, сӯхторҳо ва вулқонҳоро омӯхта ба ин натиҷа расиданд. Хулосаи ин пажӯҳиш ба Анҷумани аврупоии илмҳо дар бораи Замин пешниҳод шуда буд.
Заминларза дар Тоҷикистон як хатари хеле ҷиддӣ барои дарозмуддат дониста мешавад.
МАЪНОИ ЛУҒАВӢ
Зилзила زلزله залзала, заминҷунбӣ, заминларза - ҷунбиш ва ларзиши қишри кураи Замин, ки дар вақти шиддатнок рӯй доданаш боиси харобии биноҳо ва ҳалокати одамон мешавад, заминҷунбӣ, заминларза (Фарҳанги забони тоҷикӣ).
Шуданд он ҳар ду аждарҳо шитобон,
Дарид аз зилзила кӯҳу биёбон.
Хисрави Деҳлавӣ
Зилзила фикандан - ба зилзила андохтан, ба шӯру ғалоғула ва ихтилол даровардан
Баромад зи вайронкунон ғулғула,
Фиканданд дар бому дар зилзила.
Шодӣ
Зилзила – ҷунбиши сахт ва ҳаракати шадид, ҷунбиши замин ва заминларза...ҷунбиш ва ҳаракати пустаи (қабати болоии) ҷомид (хушк)-и кураи Замин, ки дар сурати шиддат сохтмонҳо ва шаҳрҳорро хароб ва ҷамъи касиреро (зиёдеро) ҳалок мекунад. Зилзилаҳо маъмулан ба сабаби лағзиши тӯдаҳои санг, фаъолиятҳои оташфишонӣ ва билохира резиши сақфи ғорҳои бузурги зеризаминӣ ҳодис мешаванд (ба вуҷуд меоянд) (Деҳхудо).
Зилзол, залзол – ларза, ҷунбиш
Андар он рӯз, ки аз наъраи мардони набард,
Дар дили кӯҳ чу симоб дарафтад залзол.
Бадри Чочӣ
ШАРҲИ ЭНСИКЛОПЕДИИ ЗИЛЗИЛА, ЗАМИНЛАРЗА
Зилзила, зарбаҳои зеризаминӣ ва ларзиши сатҳи Замин, ки дар натиҷаи баъзе просесҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд. Манбаи Замин ҷоест, ки дар он қабатҳои ҷинсҳои кўҳӣ ба сабаби фурўравиҳо дар қаъри Замин оташфишонии вулқон ва ҳаракатҳои тектоникӣ нисбат ба якдигар якбора мелағзанд ва зарбаи зеризаминӣ ба амал меояд.
Ҳар сол дар ҷаҳон садҳо ҳазор заминларза ба амал меояд, ки аксари онҳо чун зарбаҳои суст танҳо бо асбобҳои махсус қайд карда мешаванд. Ин гуна асбобҳо сеймографҳо ном доранд, ҷунбишҳои замин ё ҳолати оромии онро мунтазам сабт мекунанд. Фақат ягон – ягон заминларзаҳои харобиовар ва аз он ҳам камтар заминларзаҳои фалокатбор рўй медиҳанд. Сабабҳои пайдоиш ва механизми заминларзаро сейсмология меомузад.
Манбаи заминларза аз ҳаҷми муайяни ҷинсҳои қўҳӣ иборат аст, ки энергияи калони бо таъсири протсесҳои физикавию химиявӣ дар он ҷамъ шуда, дар фосилаи кўтоҳи вақт хориҷ мешавад ва ҳамчунин лапишҳои зилзила ба атроф паҳн мегардад. Аз нуқтаи назари геологӣ манбаи заминларза аз тарқиш ё силсилаи тарқишҳо дар ҷинсҳои кўҳии дохили Замин иборат аст, ки қад – қади онҳо лағзиши лаҳзавии ҷинсхои кўҳӣ ба амал меояд. Масоҳати тарқиш ба миқдори энергияи хориҷшуда мутаносуби роста аст.
Дар сарзамини Тоҷикистон ҳар сол то 2000 зарбаҳои зеризаминӣ ба қайд гирифта мешаванд, аммо фақат қисми ками онҳоро одамон дарк карда метавонанд. Дар ин ҷо тақрибан 3 - 4 сол як мартиба замиҷунбиҳои сахт ба ҳисоби миёна дар ҳар 10-15 сол як маротиба заминларзаҳои фалокатбор ба амал меояд. Заминларзаҳои Қаротоғ, Сарез ва Ҳоит барои Тоҷикистон фалокати воқеӣ буданд. Заминҷунбии Қаратоғ (1907), ки дар шохаҳои ҷангалу кўҳҳои Ҳисор ба вуҷуд омад, аз силсилаи зарбаҳои зеризаминӣ иборат буд ва аз зери замин ғулғулаи сахте шунида мешуд. Махсусан, се зарба сахтарин буданд, ки фосилаи байни онҳо 15 дақиқаро ташкил медод. Ларзиши 9-10 балла майдони 2000 км2- ро фаро гирифт. Дар нишебиҳои кўҳ табақаҳои замин ва ҷинсҳои кўҳӣ фурў рафта, тарқишҳо ба амал омадаанд. Дар натиҷаи ин заминларза 150 қишлоқ хароб ва бештар аз 1000 кас ҳалок гардид. Зарбаҳои 4 балларо дар масофаи 400-500 км берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳис кардан мумкин буд. Осори заминларзаи Қаратоғ то ба имрўз боқӣ мондааст. Ҳангоми мушоҳидаи мавзеи зилзила ҳудуди ҷинсҳои кўҳиеро, ки ба болои собиқ деҳаи Қаратоғ фурў рехтаанд, бо осонӣ фарқ кардан мумкин аст. Сатҳи ин ҷинсҳоро фақат ҷо – ҷо гиёҳу буттаҳо ва ягон – ягон дарахтон пушидаанд... (Энсклопедияи Советии тоҷик. – Душанбе,1980. – С. 490-492).
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ
Пеш аз заминларза
Инсон бояд дар ҳама ҳолатҳо худро барои ҳодисаҳои нохӯш омода созад, аз ҷумла барои заминларза низ. Мо дар боло ишора кардем, ки зилзила падиаест, ки ногаҳонӣ ба вуҷуд меояд ва аксар мавридҳо одамонро ғофилгир мекунад.
Аз ин рӯ, инсонҳо бояд аз қабл худро омода кунанд. Вақте шумо дар хонаед ё дар кӯча меравед ё бо дӯстонатон дар театру кинохона нишастаед, сайри боғу гулгашт доред ва ё савори мошин дар сафаред, ҳамеша нақшае бояд дошта бошед, ки дар ин гуна ҳолатҳо агар замин ҷунбид, чӣ бояд кард.
Волидонро лозим аст, ки дар мавзӯи заминларза бо фарзандонашон суҳбат кунанд, фаҳмонанд, ки ин чӣ падидаест ва чӣ бояд кард, агар он рух диҳад. Дар мактаб, дар соатҳои тарбиявӣ муаллимон дар ин бора суҳбатҳои махусус гузаронанд, ҳатто мутахассисонро даъват кунанд. Даъвати мутахассис хубии дигар дорад: ӯ метавонад ёриҳои аввалияи тиббиро ба зарардидагон амалан нишон диҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна барномаҳои хуби омӯзишӣ дорад ва истифода аз ин барномаҳо барои хонандагон ва муаллимон, падарону модарон хеле муфиданд.
ИН ТАВСИЯҲО БАРОИ ҲАМА:
- Шумо ҳатман дар хона захираи кофии оби нӯшокӣ дошта бошед, ҳаддиақал барои ду ё се рӯз ғизо низ. Дорухонаи оилавии шумо бояд ҳамеша доруҳои ниёзи аввал ва василаҳои кумаки аввали тиббӣ, аз ҷумла пахтаву докаву спирт дошта бошад.
- Аз қабл катҳои хоби худ ва фарзандонатонро аз назди тирезаҳо дуртар ҷойгир кунед. Ҳамеша дари ҷевони хонаи шумо пӯшида бошад. Ашёи шикананда ва вазнинро аз болои ҷевонҳо ё равоқи хона бигиред ва онҳоро тавре ҷо ба ҷо кунед, ки агар афтанд ҳам, ба касе осеб расонида натавонанд ва ё нашкананд.
- Агар шумо дар хона маводҳои кимиёвӣ ва заҳрогин дошта бошед, онҳоро ҳамеша дар ҷойҳои дастнорас ва дур аз чашми кӯдакон нигоҳ доред.
- Ҳар кадоме аз сокинони хона бояд манбаъҳои қатъи қувваи барқ, газ ва обро донанд, то ки дар сурати ҳодисаи ногаҳонӣ тавонанд фавран онҳоро банданд.
- Ҳама ҳуҷҷатҳои лозимӣ бояд дар як ҷойи аниқ бошанд, ки дар сурати зарурат кофтуков накунед.
АМАЛ ҲАНГОМИ ЗАМИНЛАРЗА
- Вақте шумо таконеро ҳисс кардед ва ё дидед, ки қандили хонаи шумо ба ҷунбиш меояд, чизу чора аз боло ба поён меафтанд, садои ба ҳам бархӯрдани шишаҳоро шунидед, фавран аз хона берун бароед. Шумо хеле вақти кам доред, аз аввали эҳсоси такон то гузаштани замони хатар барои бино ҳамагӣ 15-20 сония.
- Барои беруни бино шудан шумо ҳатман аз зинаҳо истифода кунед, ба лифт ҳаргиз нанишинед, чун имкон дорад қувваи барқ хомӯш шавад ва шумо дар дохили лифт монед, ки ин ба ҷонатон метавонад хатар дошта бошад.
- Оромиро ҳифз кунед ва дигаронро низ ором кунед. Бахусус кӯдаконро наҳаросонед.
- Вақте ба кӯча баромадед, аз назди биноҳо дуртар равед, дар фазои кушод қарор гиред.
- Вале агар имкони берун рафтан наёфтеду дар хона мондед, дар ҷойи бехатар истед: зери деворҳои дохили бино, дар кунҷи хона. Агар имкон бошад, худро зери миз паноҳ диҳед.
- Аз назди тирезҳо ва ҷевонҳои вазнин дур равед. Агар кӯдакон бо шумоянд, онҳоро паноҳ диҳед.
- Ҳаргиз аз гӯгирд ва ё шамъ истифода накунед, чун агар газ ихроҷ шуда бошад, ин сабаби таркиш ва сӯхтор мешавад.
- Худро аз зери ноқилҳои барқ дур гиред.
- Агар шумо савори мошинед, пас дар ҷойи худ қарор гиред, то замоне, ки такони замин ба охир намерасад, аз мошин берун нашавед.
- Ҳамеша омодаи кумак ба одамони дигар, ба атрофиён ва пайвандонатон бошед.
БАЪДИ ЗАМИНЛАРЗА ЧӢ БОЯД КАРД?
- Ба осебдидагон ёрӣ расонед.
- Хеле эҳтиёткор бошед! Бехатрии кӯдакон, солмандон, беморон ва занонро таъмин кунед. Онҳоро ором созед, гӯед, ки дигар хатар вуҷуд надорад, замин аз ҷунбиш бозмонд.
- Безарурат телефони худро машғул надоред.
- Ба хабарҳои радио диққат диҳед, гӯш андозед, эҳтимол хабаре пахш мешавад, ки барои шумо хеле лозим аст.
- Ба маслиҳату машварати ҳукумати маҳаллӣ ва ситоди бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ гӯш диҳед, тибқи он амал кунед.
- Санҷед, ки оё дар наздикии шумо симҳои харобшудаи барқ ҳастанд ё не. Аммо шумо дар ёд дошта бошед, ки дар ҳоли заминларзаи шадид интиқоли қувваи барқ дар шаҳрҳои бузург фаврӣ ва ба таври худкор қатъ мешавад.
- Аз хати интиқоли газ ва шабакаҳои обрасонӣ хабар гиред. Агар ноҷӯрие ҳисс кардед, пас зуд онро ислоҳ кунед.
- Вақте аз зинаҳо поин мешавед, саросема нашавед. Бинед, ки онҳо то куҷо устувору маҳкаманд, зеро маъмулан дар заминларза унсурҳое аз он беҷо мешаванд, ки хатарноканд.
- Зери деворҳои харобшуда наравед.
- Шумо ҳамеша худро ба такрори пурқудрати заминларза зарфи 2-3 соати оянда омода кунед, зеро замин метавонад дар ин муддат дубораву себора ва ҳатто бо қувваи бештар такон хӯрад.
- Аз бино бе зарурат берун набароед.
- Боз ҳам ба воҳима дода нашавед, овоза паҳн накунед, чизеро, ки намедонед, ба дигарон нагӯед.
- Танҳо ба маълумоти расмӣ диққат диҳеду ба он бовар намоед. Дар ин гуна ҳолаҳо мақомоти расмӣ аз тариқи ниҳодҳое чун ВКД, КҲФ вазъро дақиқ гузориш медиҳанд.
- Агар шумо зери сангу хоктӯдаҳо мондед, оромона аввал вазъро таҳлил кунед. То ҳадди имкон ба худ ёрии тиббӣ расонед. Талош кунед бо одамон иртибот гиред, садо бароред, агар метавонед бо санг ё ҳар чизи сахт ба трубаҳо, батареяҳо кубед, то садои шумо, сигнали шумо шунида шавад.
- Қувваи худро эҳтиёт кунед. Дониста бошед, ки инсон бе ғизо метавонад то ним моҳ ҳам зинда бимонад.