Чӣ бояд кард ҳам оббозӣ кунем ва ҳам ғарқ нашавем? Бахши 2. Кашиши рагҳо дар об. Чанд маслиҳат
Чоп шуд: 11/06/2021 | redaktorҲангоми оббозӣ ҳолате пеш меояд, ки раги пойҳо кашида мешаванд, ки инро бо забони илм кашиш, ихтилоҷ, рагкашӣ меноманд. Ин дарди шадид дар мушакҳо маъмулан якчанд дақиқа давом мекунад ва баъзан хеле сахту ноҳинҷоркунанда аст. Бахусус, агар инсон дар об бошад, дар ин ҳол шино барояш мушкил мешавад ва ӯро метавонад тарсу ҳарос фаро гирад.