Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 29 январи соли равон ҳавои сард дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боқӣ мемонад. Дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарии ВМКБ ҳаво шабона -16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ - 36-41 дараҷа, дар Булонкул - 51-53 сард мешавад.
Бо сабаби идомаи ҳавои сард, дар аксари минтақаҳои кишвар яхбандӣ боқӣ мондааст.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии садамаҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми гаштугузор сару либоси мавсимӣ ба бар дошта бошанд, то худро аз бемориҳои сармохӯрдагӣ ҳифозат карда тавонанд. Ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд, аз ҳар гуна сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатрии сӯхторро ҷиддан риоя кунанд:
- Дастгоҳҳои барқиро беназорат нагузоред. Қабл аз он ки аз хона берун равед ва ё мехобед, ҳатман онҳоро хомӯш намоед.
-ҳар ноқили урёну хатароварро сари вақт иваз кунед;
-Хонагармкунҳои барқии худсохтро истифода набаред;
- дудбарои бухории хонаҳои худро с ари вақт таъмир кунед;
- Дудбароро бояд ҳаддиақал ҳар ду моҳ тоза кунед;