Activities calendar

08 январи 2021

COVID-19: Шумори гирифторон аз 88,5 миллион гузашт. Маргумир дар олам аз сирояти коронавирус рӯ ба афзоиш овардааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори мубталоён ба коронавирусро 88 миллиону 532 ҳазору 929 нафар эълон кард. Ин манбаъ аз сирояти боз 334 290 нафар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Шумори ҷонбохтагон аз КОВИД-19 ба 1 миллиону 907 ҳазору 231 нафар расидааст. То кунун дар саросари олам аз ин вирус 63 миллиону 632 ҳазору 235 нафар муолиҷа шуданд. Ҳоло дар бемористонҳои олам 108 ҳазору 368 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Садамаи фалокатбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд: Панҷ сокини деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расиданд. Ҳама як авлоду ронанда ҳамсоя

7-уми январи соли раовн тахминан соати 18:50 дақиқа дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб  мошини тамғаи Opel Astra G, ки аз ҷониби як марди 62-сола, сокини  деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба ҷарии 400 метр сарозер шуд. Дар ин садамаи мудҳиш 5 нафар, аз ҷумла худи ронанда ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони деҳаи...