Аз аввали моҳи феврал дари масҷидҳо ба рӯи намозгузорон боз мешавад. Аммо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ
Чоп шуд: 20/01/2021 | adminАз 1-уми феврали соли 2021 дар кишвар баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад. Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.