Activities calendar

26 январи 2021

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёдовар мешавад!

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 29 январи соли равон ҳавои сард дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боқӣ мемонад. Дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ  ва қисмати ғарии ВМКБ ҳаво шабона -16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ - 36-41 дараҷа, дар Булонкул - 51-53 сард мешавад.

Бо сабаби идомаи ҳавои сард, дар аксари минтақаҳои...

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Паёми солонаи Сарвари Давлат ба Маҷлиси Олиро дастаҷамъона шуниданд (ВИДЕО)

26 январи соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи воҳидҳои минтақавии он тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Пешвои миллат: Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд | Видео

Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам...

Covid-19: беш аз 100 миллион гурифтор ва 2 149 507 куштаи вируси корона дар олам. Сарвазири Италия дар пайи интиқодҳо аз камтаъсирии тадбирҳои зиддикоронаӣ ба истеъфо меравад

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 100 миллиону 286 ҳазору 772 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 160 ҳазору 014 нафар мубталои нав сабт шуд. Теъдоди фавтидагон 2 миллиону 149 ҳазору 507 нафар эълон шуд. То кунун аз ин беморӣ 72 миллиону 315 ҳазору 474 нафар пурра шифо ёфтанд. Аммо дар беморхонаҳои олам 110 ҳазору 699 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.  Дар Тоҷикистон бино ба...