Activities calendar

28 январи 2021

Чаро Мясников тоҷиконро аз коронавирус тарс медиҳад? Посухи ин суолро бояд ҳама донанд

Мясников аз вазъи пандемӣ дар Тоҷикистон то куҷо хабар дорад - намедонам, аммо ин гуфтаҳояш агар 1 сол пеш мебуд, шояд арзанда мебуданд. Вале, 1 сол пеш, 11.02.2020 с., вақте ки мо-духтурони Маскав аллакай шабонарӯзӣ барои мубориза бар коронавирус сафарбар шуда будем, Мясников дар мусоҳибааш бо vesti.ru (ВГТРК) гуфта буд: "Агар имрӯз имкони сироят аз "коронавируси нав - 2019" дар Русия ба сифр дар

Давраи навбатии омӯзишӣ барои имдодгарон ба анҷом расид

Имрӯз, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 наҷотбахши ҷавони Кумита  баргузор гардид. Дар ин давраи омӯзишӣ имдодгарони ҷавон аз раёсату шуъбаҳои минтақавӣ гирд омада буданд.
Дар маросим раиси Кумита генерал-лейтенант

Шӯрои бонувони Раёсати КҲФ дар Суғд фаъолияти яксолаи худро таҳлил кард

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии солонаи фаъолияти шӯрои занони Раёсати вилоят ва вазифагузорӣ барои соли 2021 баргузор гардид. Дар ҷаласаи шӯрои занони Раёсат муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода, афсари калон оид ба супоришҳои махсус капитан Раҳмон Муродқулов ва  хизматчизанҳои...

COVID-19: Аввалин сагҳои ташхискунандаи коронавирус дар Рум фаъол мешаванд. Испания 1 ҳазор вашақро қатл мекунад. Дар Ӯзбекистон духтуронро ба воксанкунии аҳолӣ омода месозанд

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам 101 миллиону 479 ҳазору 111 нафар ва фавтидагон 2 миллиону 185 ҳазору 358 расид. Шабонарӯзи гузашта 245 ҳазору 711 гирифтори нав ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ боз 7 859 нафар фавтиданд.  73 миллиону 381 ҳазору 422 нафар муолиҷа шуданд ва 110 ҳазору 335 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Президенти Мексика ҳам олуда ба коронавирус шуд

Президенти Мексика Андрес Мануэл Лопес Обрадор дар ҳавопаймои тиҷоратӣ ҳамагӣ чанд соат пеш аз оне парвоз кард, ки тест ба коронавирус мусбат эълон шуд ва ташхис олудагии сарвари ин кишвар ба КОВИД-19-ро тайид кард. Дар ин бора ахиран Fox News навишт.

Котиби матбуотӣ Хесус Рамирес гуфтааст, ки дар ҳақиқат сарвари давлат ларзишу вараҷаро дар худ эҳсос карда...

Рӯзи иқлим дар Кохи Сафед. Байден Амрикоро ба муоҳадаҳои байналмилалии мубориза бо тағйири иқлим бармегардонад

Президенти ИМА Ҷо Байден чанд фармонеро дар мавриди мубориза бо тағйири иқлим имзо кард. Аз ҷумла аз ин ба баъд Ҳукумати ИМА дигар барои пармакунии чоҳҳои нави нефтиву газӣ дар замини федерол литсензия намедиҳад.  Интизор меравад ин дастурҳо, ки тафовути басо ҷиддӣ бо сиёсатҳои ҳукумати қаблӣ доранд, ба муқовиматҳои шадиди саноати энержӣ рӯ ба рӯ шавад.

Ёде аз таърих. Заминларза дар Кобе, 1995

Яке аз бузургтарин заминларзаҳо дар таърихи Ҷопон аст, ки 17 январи соли 1995, соати 05:46 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух додааст. Шиддати он тибқи ҷадвали Рихтер 7,3 балл будааст. Бино ба омори расмӣ дар ин зилзила 6 434 нафар ба ҳалокат расиданд.

 ПАЁМАДҲОИ ОН: хароб шудани 200 ҳазор бино, 1 км роҳи зудҳаракат дар Ҳансин, вайрону валангор шудани 120...