Президенти Мексика Андрес Мануэл Лопес Обрадор дар ҳавопаймои тиҷоратӣ ҳамагӣ чанд соат пеш аз оне парвоз кард, ки тест ба коронавирус мусбат эълон шуд ва ташхис олудагии сарвари ин кишвар ба КОВИД-19-ро тайид кард. Дар ин бора ахиран Fox News навишт.
Котиби матбуотӣ Хесус Рамирес гуфтааст, ки дар ҳақиқат сарвари давлат ларзишу вараҷаро дар худ эҳсос карда буд, вале ба он таваҷҷуҳ нанамуд, гумон кард ин як сармохӯрдагие беш нест. Вай гуфт, ки фавран баъди ин бо ҳавопаймо дар иртибот шуданд ва ҳатто аз журналистоне, ки ӯро ҳамроҳӣ мекунанд, хостанд фосила ва низоми худинзивоъро риоя кунанд.
Президентро барои ин амалаш мавриди накуҳишу интиқод қарор доданд. “Ин як бемасъулиятист ва беэҳтиётист, ки бархезиву ба ҳавопаймо нишинӣ, дар ҳоле эҳтимол дорад олудаи вирус шуда бошӣ ва ҳатто натиҷаи тестро интизор нашудан бемасъулиятие беш нест. Мушкил дар он аст, ки вай президент аст. Агар президент қоидаҳои беҳдоштиро вайрон кунад, вай ба дигарон намунаи бад нишон медиҳад”,- изҳор дошт Хесус Ортега, собиқ сарвари Ҳизби мухолифи инқилоби демократӣ.
Орбадор тайид кард, ки дар ҳақиқат вай ба коронавирус сироят шудааст, вале дардаш сабук аст ба зудӣ шифо хоҳад ёфт. Президент бо вуҷуди беморӣ бо ҳамтои руси худ Владимир Путин телефонӣ дар мавриди воксани русии «Спутник V» ҳамсуҳбат шуд.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН: