Covid-19: Шумори гирифторон дар олам беш аз 91 миллион. Чин билохира ба мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷозаи вуруд ва таҳлилу ташхиси вируси корона дар Вуҳон дод
Чоп шуд: 12/01/2021 | redaktorШумори мубталоён ба КОВИД-19 дар олам ба 91 миллиону 322 ҳазору 850 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи сипаришуда ба ин вирус боз 284 285 нафар сироят шуданд. То кунун аз ин вирус дар саросари олам 1 миллиону 952 ҳазору 979 тан ҷони худро аз даст додаанд. Шумори муолиҷашудагон 65 миллиону 317 ҳазору 636 нафар эълон шудааст.