Машҳуртарин барандаи барномаҳои телевизионии Амрико гирифтори коронавирус шуд
Чоп шуд: 05/01/2021 | redaktorБарандаи машҳури барномаҳои телевизионӣ Ларри Кинг гирифтори коронавирус шуд ва ҳоло дар бемористон муолиҷа мешавад. Ин журналисти маъруфи амрикоӣ ва яке аз шинохтатарин барандагони барномаҳои телевизионӣ ҳоло 87 сол дорад ва гуфта мешавад, ки дар маркази тибии Седарс-Синай воқеъ дар Лос-Анджелес бистарист. Бино ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ Кинг ҳоли хуб надорад ва ҳатто аёдати вай барои...