Activities calendar

03 январи 2021

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз ҳавои сарди шабона ва тумани субҳи зимистон эҳтиёт кунед!

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 4 январ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои соф дар назар аст, шабона дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат ба 24 дараҷа сардӣ мерасад ва дар ВМКБ дар минтақаи Мурғоб ҳарорати ҳаво то 52 (дар мавзеи Булункӯл) сард мешавад.

Коҳиши ҳарорати ҳаво махсусан дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2021

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳо, ки соли нави мелодии 2021–ум фаро мерасад, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям.