Activities calendar

15 январи 2021

Идомаи дарсҳои омӯзишӣ барои наҷотбахшон

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, инчунин такмили ихтисоси воҳидҳои наҷот дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии КҲФ, марҳилаи чоруми давраи омӯзишӣ барои 16 нафар...

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои соф, вале сарди шабона

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои оянда ба сабаби ҳавои софи шабона дар аксар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ҳавои сард дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво дар шарқи ВМКБ шабона то -32 дараҷа (дар Булонкул шабона то -45) сард мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад...

Covid-19: Шумори ҷонбохтагон дар олам аз 2 миллион нафар гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурурстӣ субҳи имрӯз, 15 январ омори гирифторон ба коронавирус дар оламро 93 миллиону 546 ҳазору 327 нафар эълон кард. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 275 377 нафар пайвастанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам аз КОВИД-19 2 миллиону 2 ҳазору 668 нафар фавтиданд. Аз ин беморӣ то кунун 66 миллиону 846 ҳазору 792 нафар пурра муолиҷа шуданд.