Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои оянда ба сабаби ҳавои софи шабона дар аксар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ҳавои сард дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво дар шарқи ВМКБ шабона то -32 дараҷа (дар Булонкул шабона то -45) сард мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки коҳиши ҳарорат бахусус дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма ва яхро дучанд мекунад. Ғайр аз ин тумани ғафс ҳам пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя кунанд.
Кумита ба сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ муроҷиат мекунам ва аз онҳо хоҳиш менамояд, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёт кунанд, наврасону кӯдаконро ба ҳезумчиниву ҳезумкашӣ нафиристанд, ҳамагон либосҳои гарми зимистона дошта бошанд, то аз хавфи ҳаргу касалиҳои сармохӯрдагӣ эмин бошанд. Ҳангоми гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз ангишт ва печҳои барқӣ бештар эҳтиёт кунанд.