Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, инчунин такмили ихтисоси воҳидҳои наҷот дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии КҲФ, марҳилаи чоруми давраи омӯзишӣ барои 16 нафар аз имдодгарони Кумита оғоз ёфт.
Дар маросими ифтитоҳи ин давраи омӯзишӣ Муовини Раиси КҲФ полковник Ҷамшед Маҳмадзода ва шахсони масъули Намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар давоми ду ҳафта наҷотбахшон малакаҳои худро дар амалӣ намудани усулҳои муосири амалиёти имдод бо истифодаи як қатор таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ идома медиҳанд. Омӯзиш аз ҷониби устодони касбии ҳам Кумита ва ҳам аз дигар идораҳои кишвар гузаронида мешавад.
Ҳадафи ин давраи омӯзишӣ ошноӣ ва такмили иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар ҳолати офати табиӣ мебошад. Чунин шакли дарсҳо ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки таҷрибаи бебаҳои гузаштагони худро хубтар донад ва ба донишу малакаҳои худ афзояд.