Барандаи машҳури барномаҳои телевизионӣ Ларри Кинг гирифтори коронавирус шуд ва ҳоло дар бемористон муолиҷа мешавад. Ин журналисти маъруфи амрикоӣ ва яке аз шинохтатарин барандагони барномаҳои телевизионӣ ҳоло 87 сол дорад ва гуфта мешавад, ки дар маркази тибии Седарс-Синай воқеъ дар Лос-Анджелес бистарист. Бино ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ Кинг ҳоли хуб надорад ва ҳатто аёдати вай барои фарзандонаш ва ҳамсараш Шон манъ шудааст. Гуфтанист, ки ҳанӯз тобистони соли гузашта Кинг барои ҷудоӣ аз ҳамсараш Шон ба додгоҳ муроҷиат карда буд.
Табибон мегӯянд ин журналисти солманд мушкилоти зиёд ба саломатӣ дорад: гирифтори бемории қанд аст, дилаш низ бемор аст. Гузашта аз ин соли 2017 Кинг аз саратон низ табобат гирифта буд. Солҳои 1980 Кинг дучори саратон шуда буд, вале баъди муолиҷаи зиёд эълон кард, ки ба ин маризӣ пирӯз шудааст. Аммо соли 2017 бори дигар бистарӣ шуд ва ин бор ӯро ҷарроҳӣ карданд.
Ларри Кинг ( Лоуренс Ҳарви Зайгер) 19 ноябри соли 1933 дар шаҳри Ню-Йорк дар хонаводаи яҳудиёни муҳоҷир аз Белорусия таваллуд шудааст.
Барномаи телевизионии вай бо номи Larry King Live дар CNN муддати 25 сол идома доштааст.