Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 86 миллиону 105 ҳазору 851 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 232 704 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз КОВИД-19 дар саросари олам 1 миллион 860 ҳазору 540 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ аз муолиҷаи пурраи 61 миллиону 057 ҳазору 700 нафар хабар дод. Аммо гуфта мешавад, ки ба беморхонаҳои кишварҳои олам 107 ҳазору 882 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Дар Тоҷикистон аз остонаи Соли нави милодӣ то ба имрӯз ягон нафар сироятшудаи нав ба коронавирус сабт нашудааст. Бино ба гузориши Вазорати тандурустии кишвар шумори аз аввали ҳамагирӣ сироятёфтагон 13 300 нафар буда, 13 018 нафар, ё худ 97,88 дарсад шифо ёфтаанд.
Кишварҳое, ки сироятшудаи бештар ба КОВИД-19 доранд:
ИМА – 21353 051
Ҳинд – 10 357 569
Бразилия - 7 754 560
Русия - 3 260 138
Британияи Кабир - 2 713 563
Фаронса - 2 659 750
Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ИМА 154 124 нафар мубталоёни нав ба коронавирусро ошкор карданд. Дар ин муддат аз КОВИД-19 дар ИМА 1187 нафар фавтиданд ва шумори ҷонбохтагон аз корона дар ин кишвар ба 362 123 нафар расид.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфтааст, ки ба воксанзании аҳолӣ суръат мебахшад. Кохи Елисей эълон кардааст, ки Макрон ҳоло мехоҳад “ба система фишор орад”, то эмкунии аҳолиро бо суръати лозим ба роҳ монад. Дар аввалин ҳафтаи маъракаи воксанзанӣ чанд ҳазор нафар ширкат кардаанд. Ҳукумати ин кишвар мехоҳад то моҳи март ҳаддиақал 5 миллион сокинон эм карда шаванд.
Эпидемиологҳои Испания низ аз суръати воксанзанӣ дар кишварашон розӣ нестанд. То 2 январи соли равон дар Мадрид наздик ба 3000 нафар эм карда шуданд. Дар Каталония, ки ҳар ҳафта 60 000 воя воксан фиристода мешавад, то 4 январ танҳо 8293 нафар воксан гирифтаанд.
Дар Австрия аввалин сироятшудагон ба штамми нави коронавирус SARS-CoV-2, ки бори аввал дар Британия Кабир дида шуда буд, сабт шуд. Мақомот мегӯянд чор нафарро дар фурудгоҳи Вена бо коронавируси “британиёӣ” ва як нафари дигарро бо аломатҳои вируси Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба қайд гирифтаанд.
Борис Ҷонсон Сарвазири Британияи Кабир соати 8 шаб ба вақти Лондон дар як суханронии телевизионӣ эълон кард, ки ба манзури муқобила бо гунаи нави коронавирус, ки ба гуфтаи вай ба суръати густарда паҳн мешавад, кулли Англия аз нимишаби рӯзи душанбе вориди карантини миллӣ хоҳад шуд. Ҳамзамон бо ин мақомоти беҳдоштии Британия аз шиносоии 58 ҳазору 784 нафар мубтало ба КОВИД-19 дар як шабонарӯз дар ин кишвар хабар доданд. Ба сокинон дастур дода шуд, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва ин карантини нав, ки аслан шакли шадидтари локдауни пешина мебошад, қарор аст то охири моҳи январ идома кунад. Танҳо барои харидани ғизову дору, варзиш ва кумаки тиббӣ иҷозат дода мешавад, ки сокинон ба як муҳлати басо кутоҳ хонаҳои худро тарк намоянд.
Ҷопон эълон кард, ки ба иллати авҷи сироят ба коронавирус эҳтимолан дар Токио ва навоҳии атрофи он вазъи фавқулода эълон шавад.
Эмгузарониҳои оммавӣ ин ҳафта дар Чин идома доранд, ки дар он ҷо мақомоти кишвар умед доранд, ки миллионҳо нафарро пеш аз соли нави чинӣ эм кунанд (имсол он ба 21 феврал рост меояд). Дар ду рӯзи аввали воксанзанӣ беш аз 73,000 нафар дар Пекин вояи аввалро гирифтанд, хабар медиҳанд расонаҳои давлатии Чин. Дар пойтахти Чин сокинон барои эмкунӣ саф кашидаанд ва интизори навбати худанд.
Феҳристи шахсоне, ки зидди COVID-19 эм карда шудаанд, дар ояндаи наздик дар Украина тартиб дода мешавад.
Зарфи шабонарӯзи гузашта дар Русия 23 351 ҳодисаи сироят ба COVID-19 сабт шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки суръати афзоиши сироятшудагон поин меравад. Дирӯз аз 0,7 дарсад коҳиш ёфтани афзоиш хабар дода шуд, рӯзе қабл ин омор 0,8 дарсад эълон шуда буд.
Дар давоми рӯзи гузашта дар Қазоқистон 645 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аксари ҳолатҳо дар Алмаато ва вилояти Павлодар мебошанд. Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшуда ба 157.579 расид ва дар шабонарӯзи гузашта 752 нафари дигар дар Қазоқистон аз сирояти коронавирус шифо ёфтанд. Шумори куллан муолиҷашудагон аз КОВИД-19 дар Қазоқистон ба 144,710 нафар расидааст.
Шумори мубталоён ба коронавирус дар Ӯзбекистон 77 258 нафар эълон шуд. Ҳоли 156 нафар вазин буда, аз ин беморӣ то кунун 75 437 нафар шифо ёфтаанд.