Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар олам ба 91 миллиону 322 ҳазору 850 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи сипаришуда ба ин вирус боз 284 285 нафар сироят шуданд. То кунун аз ин вирус дар саросари олам 1 миллиону 952 ҳазору 979 тан ҷони худро аз даст додаанд. Шумори муолиҷашудагон 65 миллиону 317 ҳазору 636 нафар эълон шудааст.
Ҷараёни мусбати вазъ бо коронавирус аз остонаи Соли нав дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Аз 31 декабри соли 2020 то ба имрӯз шумори касоне, ки нав ба вируси корона сироят шудаанд, аз 10 нафар беш набуд. Дар аксар рӯзҳо ягон нафар гирифторон сабт нашуданд. 99,3 дарсади гирифторон ба КОВИД-19 муолиҷа шуданд. Аз ин пештар Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода пешбинӣ кард буд, ки Тоҷикистон тобистони соли 2021 бар коронавирус пирӯз хоҳад шуд.
Беш аз 40 кишвари олам дар айни замон ба эмкунии сартосарии аҳолӣ бо истифода аз панҷ воксани гуногун оғоз кардаанд.
Эмкунӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва он сокиноне, ки мансуб ба гурӯҳи хатар ҳастанд, бояд дар тӯли 100 рӯзи оянда дар саросари ҷаҳон гузаронида шавад. Дар ин бора рӯзи душанбе дар як брифинги матбуотӣ дар Женева сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус хабар дод.
Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден рӯзи 11 январи соли равон дуюмин вояи воксани Pfizer-ро қабул кард.
Британия ба эмкунии аҳолӣ суръат мебахшад, аммо ҳукуматдорон сокинонро ҳушдор медиҳанд, ки давраи мураккаби ҳамагирӣ ҳоло дар пеш аст. Ҳафтаи гузашта дар ин кишвар аз коронавирус 1325 нафар фавтиданд, ки ин болотарин омори маргумир аз коронавирус дар Британияи Кабир аз оғози ҳамагирӣ буд.
Ҳукумати Лаҳистон ба қароре омад, ки дарсҳоро барои хонандагони синфҳои поёнӣ, ки то кунун ба хониши фосилавӣ фаро гирифта шуда буданд, аз сар гирад. Аммо дар ин ҳол ҳам кулли маҳдудиятҳои зиддикоронавирусӣ боқӣ хоҳанд монд.
Шӯрои олии мудофиаи Лубнон марзҳои заминиву баҳрии худро куллан бандад. Сабаб афзоиши сироят ба коронавирус дар кишвар аст.
Аввалин гунаи британиёии коронавирус дар Эквадор низ ба қайд гирифта шуд.
Ҳинд аз натиҷаи марҳилаи дуюми санҷиши воксани русии "Спутник V" хабар дод. Гуфта мешавад, ки натиҷа сатҳи баланди бехатарии истифодаи онро нишон додааст.
Ҳукумати Малайзия ба анҷоми гуфтушунидҳо дар мавриди дарёфти воксани русии "Спутник V" наздик шудааст.
Фаластин аввалин кишвари Ховари Миёна аст, ки воксани русии "Спутник V"-ро барои истифода иҷозат дод. Қарор аст аз семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин воксан ба Фаластин расонда шавад.
Вазири тандурстии Эрон Сайид Намакӣ хабар дод, ки аллакай чор ҳодисаи сирояти сокинон ба гунаи британиёии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Дар шаҳри Вуҳони Чин фаъолияти гурӯҳи коршиносони байналмилалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар мавриди пайдо кардани насаби коронавируси нав оғоз хоҳад ёфт. То ин замон Пекин ба вуруди коршиносону мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мухолифат мекард. Талоши Чин барои эҷоди монеъ ба вуруди мутахассисони байналмилалӣ муҷиби нороҳатии сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус шуд. Қарор аст, рӯзи панҷшанбе як гурӯҳи олимони ин созмон барои омӯзиши сабабҳои коронавирус вориди Чин шаванд. Ҷузъиёти сафари коршиносони байналмилалӣ ифшо нашудааст.
Дар пойтахти Чин шаҳри Пекин дар айни замон бештар аз як миллион сокинон зидди коронавирус эм карда шудаанд, хабар додааст нашрияи Global Times.
Ҳукумати Иёлоти Федеративии Микронезия – давлати ҷазираӣ дар уқёнуси Ором- дар бораи аввалин шахси сироятшуда дар ин кишвар ба коронавирус хабар дод. Ин ягона кишвар дар кураи Замин буд, ки то кунун аз хуруҷи ин бемории маргзо дур монда буд.
Гурҷистон эълон кард, ки аз 16 январи соли равон маҳдудятҳои зиддикоронавирусиро лағв нахоҳад кард. Ин маҳдудиятҳо 27 ноябри соли гузашта ҷорӣ шуда буданд.
Зарифи як шабонраӯзи гузашта дар 85 минтақаи Русия 23 315 ҳодисаи сирояти нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд, ки дар 12 дарсади онҳо аломатҳои ин беморӣ дида намешуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 692 сироятшудаи нав сабт шуд ва шумори умумии гирифторон дар ин кишвар ба 163 ҳазору 711 нафар расид.
Қирғизистон, ки барои дарёфти воксани русии "Спутник V" дархост дода буд, интизори иҷозати ҳукумати Русия барои интиқоли он ба ин кишвар аст. Аз охири моҳи июни соли гузашта дар Қирғизистон, ки 6,5 миллион аҳолӣ дорад, вазъи сироят ба коронавирус вахим шуд.
Донишмандони Донишгоҳи федералии Урал ва Академияи илмҳои Ӯзбекистон ба ин натиҷа расидаанд, ки вояи заъифи радиатсия бе зарар ба ҷисми инсон қодир аст уфунати коронавирусро нобуд созад.
Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон ба 77 663 нафар расидааст.