Мясников аз вазъи пандемӣ дар Тоҷикистон то куҷо хабар дорад - намедонам, аммо ин гуфтаҳояш агар 1 сол пеш мебуд, шояд арзанда мебуданд. Вале, 1 сол пеш, 11.02.2020 с., вақте ки мо-духтурони Маскав аллакай шабонарӯзӣ барои мубориза бар коронавирус сафарбар шуда будем, Мясников дар мусоҳибааш бо vesti.ru (ВГТРК) гуфта буд: "Агар имрӯз имкони сироят аз "коронавируси нав - 2019" дар Русия ба сифр дар дараҷаи сифр бошад, вирусҳои дигар хуруҷ доранд".
Баъдтар, дар сӯҳбати дигараш дар "Соловьёв LIVE" дар мавриди сирояти коронавирус "ҷомаашро чаппа пӯшида" бо як таҳлука гуфта буд: "ин уфунӣ лозимаашро мегирад. Ҳамаамон сироят мешавем. Ҳар касе бояд бимирад - мемирад".
Хулоса, Мясников як шоумен мубаддал шудааст, агар фарзанди яке аз беҳтарин духтурони Шӯравӣ, академик Леонид Александрович Мясников аст.
Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки ҳатто дар Думаи давлатӣ талаб карда буданд, ки дипломи тиббии ӯро бозпас хонанд.
Бо кадом сабаб рӯзноманигор маҳз аз ҳамин Мясников дар нисбати коронавирус дар Тоҷикистон пурсидаанд - намедонам, вале тарс додани ӯ, ки гӯё "мавҷи воқеии коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст" - гувоҳи бехабарияш на танҳо аз вазъи пандемӣ дар Тоҷикистон аст, балкӣ, далели он аст, ки АЗ МЕТОДУ МЕТОДОЛОГИЯҲОИ ОМОРИ КОВИД-19 БЕХАБАР АСТ.
Ду гуфтаи ӯро меораму шарҳ медиҳам:
1. "Агар дар Тоҷикистон 1 дарсади аҳолӣ воқеан бемор бошад, ин маънои онро дорад, ки коронавирус ба онҷо акнун мерасад – ва онҳо дигар роҳи гурез надоранд", -гуфтааст ӯ.
Инро нафаре гуфтааст, ки дар замони авҷи коронавирус дар Маскав ин уфуниро инкор мекард!
Хотиррасон кунам, ки замоне, ки Мясников Ковид-19-ро инкор мекард, ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳукумат интиқод мекарданд, ки масъулин ворид шудани ин уфуниро пинҳон медоранд.
Аммо, вақте масъулин эълон карданд, ки Ковид-19 дар Тоҷикистон ташхис шудааст, боз ҳам танқид мешуд, ки шумораи беморон ва фавтидагон хеле зиёд асту омори нодуруст ба мардум мерасонанд.
Ба кӣ бовар кунем - ба Мясников ё фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ?
Ба хаёлам, воқеан ҳам дар Тоҷикистон гирифторони коронавируси нав SARS-CoV-2 зиёд буданд ва чун дар ҳамаи кишварҳои дигар, омори комили онҳо дастрас набуду нест. На барои он, ки масъулони соҳа "пинҳонкорӣ" мекунанд, балкӣ, барои он, ки:
- стандарти ягонаи умумиҷаҳонии қабулшуда дар нисбати ба қайдгирии шумораи беморон ва фавтидагон аз ин уфунӣ нест;
- аксари одамон худашон намедонанд, ки ба бадани онҳо вирус ворид шудаасту ин маризиро бе аломат мегузаронанд;
- дар ҳолатҳои раванди ғайримуқаррарӣ доштаи Ковид-19 беморон ба духтурон муроҷиат намекунанд;
- маводҳои таҳқиқии аз бинниву гулӯ гирифта шуда то 30-40% иштибоҳ доранд. Мешавад, ки вирус дар бадан ҳасту чунин таҳқиқот манфист ва баръакс.
Сабабҳои қайд шуда имкон намедиҳанд, ки шумораи воқеии гирифторони Ковид-19-ро на дар Амрикову на дар Русияву на дар Чину на дар Тоҷикистон дарёфт шаванд.
Аммо, воқеият он аст, ки мардуми зиёде дар Тоҷикистон гирифтори Ковид-19 шуда буданду бо сабабҳои дар боло оварда шуда шомили омор нашудаанд, ки як амри табиист - на фитнаву на хиёнату на ҷинояти касе ё гурӯҳе.
2. "То он даме, ки фоизи муайяни аҳолӣ ба COVID-19 гирифтор нашавад, ин вирус нобуд нахоҳад шуд...",- гуфтааст Мясников.
Ин ҳарфҳо бояд дар аввали пандемӣ гуфта мешуданд, на дар анҷоми он. Вале, чуноне ки медонам Мясников коронавирусро писанд намекарду инкораш менамуд.
Аммо, банда аз баҳори соли гузашта дар саҳифаи фейсбукиям бо такя ба хулосаҳои олимону мутахассисони соҳа ба такрор оварда будам, ки таназзули ин уфунӣ баъди гирифтории на камтар аз 70% аҳолӣ оғоз мешавад.
Чаро, ки ҳамон "фоизи муайяни" гуфтаи Мясников маънии пайдо шудани "масунияти коллективӣ" (коллективный иммунитет)-ро дорад, ки дар Тоҷикистон аллакай пайдо шудааст.
"Фоизи муайян" - аз 3 ду ҳиссаро дар бар мегирад, ки дар ин мавзӯъ дар саҳифаам навишта будаму такрор мекунам: агар аз 3 нафар 2 кас аллакай Ковид-19-ро бо ҳар навъе паси сар карда бошанд, нафари сеюм ҳарчанд гирифтори ин уфунӣ бошад ва ҳарчанд ба атрофаш коронавирус пошад ҳам, он ду нафар бемор намешаванд. Чаро, ки масуният пайдо кардаанд.
Ҳоло бошад, ба суханони президенти Тоҷикистон дар нисбати халос шудан аз пандемии коронавируси нав SARS-CoV-2 (COVID-19), ки дар паёми солонааш овардааст, бовар мекунам ва хулосаам ин аст, ки мардуми Тоҷикистон метавонанд шукри Худо кунанду то ҷое орому осуда бошанд.
"То ҷое" навиштанам маънии онро дорад, ки бояд эҳтиёткор бошем, чаро ки навъҳои (штампҳои) дигари ин коронавирус пайдо шудаанду ҳоло касе намедонад то куҷо ва бо кадом роҳҳо сирояткунанда аст.
Ин як.
Дуюм, агар фарзияам дуруст бошаду воқеан ҳам мардуми Тоҷикистон масунияти ҷамъӣ эҷод карда бошанд - хеле ва хеле хуб аст! Аммо, бояд ба инобат гирифт, ки
- то имрӯз то кадом муддат бар ҷо будани масунияти инфиродӣ нисбати коронавируси SARS-CoV-2 маълум нест;
- шояд маҳалҳо ё ноҳияҳое бошанд, ки ҳоло чунин масуният эҷод нашудааст;
- баъди шифо ёфтани бемор аз Ковид-19 то ду моҳи дигар вируси SARS-CoV-2 дар узвҳои ҳозима боқӣ мемонад;
- ҳамон штампҳои нави SARS-CoV-2, ки дар боло навиштам.
Бори дигар таъқид мекунам, ки эҳтиёт бошед, ҳарчанд, шукри Худо, ки баъди азиятҳои зиёди равониву ҷисмонӣ мешавад, ки хурсанду бардаму саломату дилгарм нафаси осуда кашид!
Худо нигаҳбони якояки шумо бошад!
Абдуллоҳ ДАВЛАТОВ, духтури тоҷики муқими Москав.
ЗИМНАН: Доктор Абдуллоҳ Давлатов бар пояи ин гузориши Спутник истинодан ба Александр Мясников изҳори назар кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд онро бихонанд: МЯСНИКОВ: ТОҶИКИСТОН АЗ СИРОЯТЁБИИ САРТОСАРӢ АЗ КОРОНАВИРУС КАНОР НАМЕМОНАД