Президенти ИМА Ҷо Байден чанд фармонеро дар мавриди мубориза бо тағйири иқлим имзо кард. Аз ҷумла аз ин ба баъд Ҳукумати ИМА дигар барои пармакунии чоҳҳои нави нефтиву газӣ дар замини федерол литсензия намедиҳад. Интизор меравад ин дастурҳо, ки тафовути басо ҷиддӣ бо сиёсатҳои ҳукумати қаблӣ доранд, ба муқовиматҳои шадиди саноати энержӣ рӯ ба рӯ шавад.
Ҷо Байден рӯзи чаҳоршанбе дар дидораш бо рӯзноманигорон гуфт, ки “Имрӯз дар Кохи Сафед рӯзи иқлим аст. То ҳамин ҳоло ҳам хеле маътал кардаем ва аз ин беш наметавонем сабр кунем”. Ҷаноби Байден ҳамчунин гуфт, ки “Амрико бояд вокуниши ҷаҳониро ба бӯҳрони тағйири иқлим сарварӣ кунад. Ҳамон тавре ки ниёз ба вокуниши ҷиддиву мунсаҷим ба мубориза бо КОВИД-19 дорем, ба шиддат ниёзманди як вокуниши ҳамоҳангу мунтазами миллӣ ба буҳрони иқлимӣ ҳастем”.
Президенти тозаинтихоби ИМА дар рӯ ба рӯ бо кормандони расонаҳои хабарӣ иқрор шуд, ки Амрико наметавонад тани танҳо дар ин муборизаҳо ширкат дошта бошад.
Собиқ Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри, ки ҳамакнун Байден ӯро фиристодаи худ дар масъалаҳои иқлимӣ таъин кардааст, ваъда дод, ки барои маъмурияти нави Кохи Сафед масъалаи мубориза бо тағйири иқлим яке аз масоили калидӣ хоҳад буд. Вай ҳам рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки “Ӯ (Байден) медонад, ки тавофуқи иқлимии Порис ба танҳоӣ кофӣ нест”.
Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд бар асоси тарҳи нави Ҷо Байден тағйири иқлим ҳам ба унвони як масъалаи “амнияти миллӣ” ва ҳам “сиёсати хориҷӣ” дар авлавият қарор хоҳад дошт.
Бино ба гузоришҳои расида аз Кохи Сафед оқои Ҷо Байден ахиран ба вазорати кишоварзии кишвараш дастур додааст, ки ковишҳо ва пармакунии чоҳҳои нави нефтиву газиро ба ҳадди имконпазир мутаваққиф кунад ва ҳамчунин дар муоҳадаҳои қаблан имзошуда дар ин маврид ва мавриди манбаъҳои зеризаминии об дар заминҳои федеролро бозбинӣ кунад.
Ҷо Байден қасд додар то соли 2030 ҳаддиақал 30 дарсад заминҳо ва уқёнусҳои Федеролро таҳти ҳифозат қарор диҳад.
Ҳамчуноне дида мешавад, дар дастуру фармонҳои ахири президенти ИМА гуфта шудааст, ки пармакунии чоҳҳои нави нефтиву газӣ ба ҳадди мумкин қатъ карда шавад ва коршиносон мегӯянд, Байден бо ин иқдомаш ба саноати нефту гази Амрико ҳамлаи шадид мекунад.
Бино ба гузориши Институти амрикоии нефт (API) 22% истеҳсоли нефт ва 12% тавлиди газ бар души ӯст. Чуноне New York Times менависад ҳиссаи истихроҷи сӯхт дар заминҳои давлатии Амрико дар партови газҳои гулхонаӣ қариб 25 дарсадро ташкил медиҳад.
Корхонаи коркарди нефт дар Лос-Анжелес, бузургтарин тавлидкунандаи бензин дар Калифорния.
API, ки як созмони ғайридавлатист, зидди ин тасмимҳост. Ин созмон мегӯяд қатъи истихроҷи нефту газ дар маҳалҳои нав Амрикоро бештар вобаста ба воридоти маводи сӯхт мекунад.
Ба назар мерасад дар аввалин рӯзҳои фаъолияти худ чун Президенти ИМА Байден талош дорад ҳама ваъдаҳои пешазинтихоботии худро иҷро кунад. Аммо оё вай метавонад бахусус дар мубориза бо тағйири иқлим ба зиддиятҳои дохилии ширкатҳои бузурги саноатии нефту газ муқовимат кунад ё на? Инро вақт нишон хоҳад дод.
Ҳоло ҳатто барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин муҳим аст, ки Ҷо Байден Амрикоро ба муоҳадаҳои ҷаҳонии мубориза бо тағйири иқлим, ки Тромп хориҷ карда буд, бармегардонад.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН ДАР МАВРИДИ ТАҒЙИРИ ИҚЛИМ
- Садҳо фили мурда дар Бодствано. Давлат фарзияи шикори ғайриқонуниро рад кар
- Олимон маргумири умумии ҳашаротҳо ва моҳиёни дарёиро пешгӯӣ карданд
- Бозёфтҳои таърихӣ аз як кӯҳи яхӣ, ки аз тағйири иқлим яхи он об шуд
- Тағйири иқлим: Афзоиши анкабутҳо ва морҳои заҳрдору газанда дар баъзе минтақаҳои Русия
- ПАЖӮҲИШ: Гармои шадид ба ҳадди бесобиқа мерасад
- Бонги изтироби биологҳо аз “шашумин инқирози умумӣ” дар олам
- Нигарониҳо аз гармои тоқатшикан дар олам. Донишмандон мегӯянд панҷ соли оянда гармтар аз ин хоҳад буд