Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии солонаи фаъолияти шӯрои занони Раёсати вилоят ва вазифагузорӣ барои соли 2021 баргузор гардид. Дар ҷаласаи шӯрои занони Раёсат муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода, афсари калон оид ба супоришҳои махсус капитан Раҳмон Муродқулов ва хизматчизанҳои Раёсати вилоят ширкат карданд.
Ҷаласаро сардори Раёсат дар умури сиёсӣ – тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода ифтитоҳ намуда, аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, ғамхориҳои пайвастаи сарвари давлатро нисбати занон, инчунин фароҳам овардани шарту шароити корӣ, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа сухан ронда, таъкид намуд, ки мо бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳои ҷаноби олӣ пурзуртар кору фаъолият намоем.
Дар идомаи ҷаласа раиси шӯрои занони Раёсат майор Адолат Карамхудоева дар бораи иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Шурои занон, ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, ҳавасмандгардонии занони фаъол, расонидани кӯмакҳои моддиву маънавӣ ба занон дар давоми соли 2020 гузориш дод.
Баъдан муовини раиси шӯрои занони Раёсати вилоят лейтенанти калон Шаҳзода Бутаева вобаста ба кору фаъолияти шӯрои занон дар давоми соли 2020 ҳисобот дод.
Муовини сардори Раёсати вилоят оиди корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ, фаъолияти шӯрои занонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода қайд намуд, ки аз охири соли 2019 бемории сироятии коронавирус дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва аввалин сироятёфтагон ба ин беморӣ дар кишвари мо аз моҳи апрели соли 2020 ба қайд гирифта шуданд. Дар қатори дигарон дар роҳандозии корҳои зиддиуфунӣ бонувони раёсат низ фаъол буданд, ҳамарӯза дар мавзеъҳои серодам, боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, мағозаҳо, бозорҳо, истгоҳҳо, хиёбонҳо, муассисаҳои таълимиву томактабӣ, мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ аксияҳо ташкил намуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монданд. Дар баробари ин дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бо ташкилоти тарзи ҳаёти солим, Раёсати кор бо ҷавонони вилоят чорабиниҳои пешгирикунандаро мунтазам баргузор намуданд.
Ҳамзамон қайд намуд, ки аз тарафи Шӯрои занон бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон тавассути воситаҳои ахбори омма бо иштироки хизматчизанон барномаҳои телевизионӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мост.