Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам 101 миллиону 479 ҳазору 111 нафар ва фавтидагон 2 миллиону 185 ҳазору 358 расид. Шабонарӯзи гузашта 245 ҳазору 711 гирифтори нав ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ боз 7 859 нафар фавтиданд. 73 миллиону 381 ҳазору 422 нафар муолиҷа шуданд ва 110 ҳазору 335 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Комиссияи Аврупо аз ширкати англисиву шведии AstraZeneca талаб кард, ки фармоиши пардохтшуда барои воксанро новобаста аз ҳаҷми иқтидори истеҳсолии худ иҷро кунад. Штамми нави коронавирус, ки аввал дар Британияи Кабир пайдо шуд ва ҳоло дар 70 кишвари олам сабт шудааст, муҷиби нигаронӣ шудааст.
Дар ИМА африқоитаборон ва амрикоилотиниён назар ба сафедпӯстони амрикоӣ камтар ба воксан дастрасӣ доранд. Ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ аз ҳукумат ва бемористонҳо интиқод кардаанд, ки дастрасии баробар ба воксанро таъмин нанамудаанд. Таҳлилгарони CNN вазъро дар 14 иёлоти кишвар таҳлил карда ба ин натиҷа расидаанд, ки сафедпӯстон назар ба африқоитаборон ва амрикоилотиниён ду баробар бештар эм карда шудаанд. Таҳлил нишон додааст, ки то кунун 4% аҳолии сафедпӯст эм шудааст.
Ҳукуматдорони Олмон ният дорад вуруди шарвандони чанд кишварро, ки штамми нави коронавирус ошкор шудааст, манъ кунанд.
Британияи Кабир эълон кард, ки як карантини даҳрӯза дар меҳмонхонаҳо барои касоне ҷорӣ мекунад, ки аз хориҷ ворид мешаванд. Пардохти ҳазинаи он аз ҷониби худи воридшудагон хоҳад буд.
Дар фурӯдгоҳи Рум Фюмичино сагҳои овчаркаи “зиддикоронавирусӣ” пайдо шудаанд, ки метавонанд аз миёни анбӯҳи одамон касони мубтало ба КОВИД-19 ро пайдо намоянд. Дар ин бора Mediaset рӯзи чоршанбе хабар дод. Ин сагҳоро муддати 8 ҳафта машқ доданд ва ба он омӯзониданд, ки дар миёни одамони зиёд олудаҳо ба коронавирусро шиносӣ кунанд. Дар айни замон ин “хадамот” дар низоми тестӣ амал мекунад.
Испания тасмим гирифт беш аз 1 ҳазор вашақро аз сабаби дар ферма пайдо шудани коронавирус, нобуд созад. Ин сеюм ин ҳодисаи дар фермаҳои парвариши вашақҳо зуҳур кардани сироятшудагон ба коронавирус мебошад.
Ҳукумати Норвегия ба қароре омад, ки аз рӯзи ҷумъа, 29 январ марзҳоро билкул бандад, ба истиснои ҳолатҳои зарурӣ.
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чех тавсия дод, ки воксанкунии аҳолиро аз рӯзи чоршанбе ба далели нарасидани он қатъ кунанд. Ин ба он вобаста аст, ки ширкатҳои дорусозии амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech уҳдадориҳои худро дар мавриди таҳвили воксан ба ин кишвар иҷро накардаанд.
Дар Лаҳистон аввалин ҳодисаи дуздии воксан аз коронавирусро сабт карданд. Гуфта мешавад, ки 18 доза воксанро рабудаанд.
Гурҷистон ба ин умед аст, ки рӯзҳои наздик марзашро бо Русия боз мекунад. Ягон гузаргоҳи марзии амалкунанда миёни ду кишвар - "Казбеги — Верхний Ларс" аз моҳи марти соли 2020 ба сабаби хуруҷи коронавирус баста шудааст.
Сар аз моҳи фепврали соли равон дар Украина эмкунии сартосарии сокинон оғоз мешавад. Дар ин бора вазири тандурустии ин кишвар Максим Степанов хабар дод.
Дар ду моҳи охир шумори сироятшудагон дар Русия 3% афзудааст. Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 17 741 мубталои нав сабт шуд. Аз 29 октябри соли гузашта ин камтарин омори сабти гирифторони нав ба коронавиирус дар Русия мебошад.
Қазоқистон аз сирояти боз 1 397 нафар хабар дод. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 181 117 нафар ба COVID-19 гирифтор шуданд.
28 январи соли 2021 дар Қирғизистон 84 175 ҳодисаи гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст.
Аллакай аз 1 феврали соли равон дар Ӯзбекистон духтуронро ба ваксанкунии саросарии аҳолӣ омода мекунанд. То кунун дар ин кишвар 78 590 олудаи Covid-19 шудаанд.