Давраи навбатии омӯзишӣ барои имдодгарон ба анҷом расид

Имрӯз, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 наҷотбахши ҷавони Кумита  баргузор гардид. Дар ин давраи омӯзишӣ имдодгарони ҷавон аз раёсату шуъбаҳои минтақавӣ гирд омада буданд.

 Дар маросим раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ширкат намуданд.

 Сарвари идораи наҷоти кишвар дар суханронии худ ба ташкилкунандагони тренинг барои созмондеҳии хуби он изҳори сипос намуд ва махсусан хизматҳои Дафтари САҲА дар Душанберо барои дастгирии лоиҳаҳои дар мамлакати мо амалишаванда ситоиш кард.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ин аллакай марҳилаи чоруми курсҳои омӯзишӣ мебошад, ки дар он тақрибан 70 наҷотбахши Кумита ширкат варзиданд. Раиси КҲФ қайд кард, ки сарфи назар аз вазъи мавҷудаи эпидемиологӣ, омӯзиш бо назардошти ҳама меъёрҳои беҳдоштӣ гузаронида шуд ва он хеле муассир ва пурсамар буд. Р.Назарзода инчунин ибрози умедворӣ кард, ки малакаҳои ҳосилшуда самаранокии корҳои наҷотбахшонро дар ҳолатҳои фавқулодда боз ҳам афзоиш хоҳанд дод.

Сарвари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер гуфт, ки омӯзиш дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои наҷотдиҳандагон оғоз шудааст ва САҲА минбаъд низ барои рушди пурсамари онҳо саъй хоҳад кард.

Хонум Йосефсон дар суханронии худ зикр намуд, ки ин гуна ҳамкориҳо бо КҲФ дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Дар давоми ду ҳафта наҷотбахшон тарзи гузаронидани усулҳои нави амалиёти наҷотро бо истифодаи як қатор таҷҳизоти махсуси имдод ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ дар роҳҳои кӯҳистони кишвар омӯхтанд. Омӯзишро устодони касбии ҳам Кумита ва ҳам мутахассисони дигари соҳа гузаронидаанд.

Ин давраи омӯзишӣ ба ошноӣ ва такмили иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар ҳолати офати табиӣ равона шуда буд. Чунин шакли дарсҳо ба насли ҷавон имкон хоҳад дод, ки таҷрибаи бебаҳои гузаштагони худро хубтар донанд ва бағоҷи малака ва дониши худро пур кунанд.

барчасп: