Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 100 миллиону 286 ҳазору 772 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 160 ҳазору 014 нафар мубталои нав сабт шуд. Теъдоди фавтидагон 2 миллиону 149 ҳазору 507 нафар эълон шуд. То кунун аз ин беморӣ 72 миллиону 315 ҳазору 474 нафар пурра шифо ёфтанд. Аммо дар беморхонаҳои олам 110 ҳазору 699 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Дар Тоҷикистон бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар ягон нафар мубталои нав ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст
Сарвазири Италия Ҷузеппе Конте тасмим гирифт, ки бар асари интиқодҳои пайвастаи иқдомоташ дар мубориза бо коронавирус, ки натиҷаи мусбат камтар доштааст,имрӯз истеъфо диҳад. Нашрияи Guardian навиштааст, ки сарвазир баъди эълони истеъфо бо президенти ин кишвар Серджио Матарелла мулоқот хоҳад кард.
Уфунати коронавирус метавонад ба як бомории эндемикӣ табдил шавад. Дар ин бора рӯзи душанбе директори барномаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода Майкл Райан изҳори назар намуд.
Дабири кулии СММ: мутатсияи коронавирус ва камбуди воксанҳо метавонад сабабгори маргумири бештар шавад. Антониу Гутерриш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки ба истеҳсоли воксанҳо суръат бахшад ва дастрасии онро барои ҳама таъмин созад.
Камбуди воксанҳо аз коронавирус метавонад боиси талафоти калон дар иқтисоди ҷаҳонӣ бошад ва олам аз ин беш аз 9 трилион доллар зарар бинад.
Ҷо Байден-президенти тозаинтихоби ИМА ба қароре омад, ки маҳдудиятҳои вуруд барои кишврҳои минтақаи Шенген, Баританияи Кабир, Ирландия ва Бразилия ба ИМА боқӣ бимонанд ва Байден ба ин рӯйхат боз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро низ шомил кард.
Як гурӯҳ донишмандон аз донишгоҳҳои маъруфи Ирландия ба ҳукумат нома ирсол карданд ва хостори иҷозаи таъину истифода витамини D ба рӯйхати воситаҳои пешгирӣ аз уфунати коронавирус шуданд.
Ҳудудан 300 нафар мухолифони маҳдудиятҳои зиддикоронаӣ дар Нидерландия¸ки даст ба тазоҳурот зада буданд, боздошт гардиданд. Ҳукумати ин кишвар бо вуҷуди фишори мухолифон маҳдудиятҳоро коҳиш надод.
Сар аз ҳамин рӯз дар ҷойҳои ҷамъиятии Австрия танҳо ба доштани респираторҳои сатҳи ҳимояашон на камтар аз FFP2 иҷозат аст. Ин низом барои бачаҳои синнашон аз 14-сола поён дахл надорад. Франс-пресс гуфт, ки чораҳои навро сокинон бе ягон мқовимат пазируфтанд, ҳарчанд тадбирҳое, ки пештар давлат эълон карда буд, аз қабили бастани мактабҳо, вале иҷозати кор барои тафреҳгоҳҳои лижаронӣ боиси эътирозҳо ҳам шуда буд.
Мутахассисони варзидаи итолёвӣ ба ин назаранд, ки воксани русии "Спутник V" дар сурати тасдиқи Агентии аврупоии воситаҳои доруворӣ метавонад истифода шавад. Рӯзи душанбе профессори микробиологияи Донишгоҳи Падуи, мутахассиси шинохтаи бемориҳои уфуниву вирусӣ Андреа Кризанти дар як суҳбаташ дар шабакаи Rai News 24 мусбат арзёбӣ кард.
Шумори умумии шифоёфтагон аз коронавирус дар Бразилия ба 7 миллиону 709 ҳазору 602 нафар расидааст. Бар асари ин беморӣ дар ин кишвар 217 ҳазору 664 нафар фавтидаанд.
Дар Украина карантини шадид, ки дар саросари кишвар аз 8 то 25 январ идома дошт, лағв шуд. Дар ин муддат қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, барҳо, мағозаҳои ғайри маводи ғизоӣ кор намекарданд. Ҳамчунин кинотеатрҳо, марказҳои фитнес, варзишгоҳҳо ва театрҳо кор намекарданд, хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён ба таҳсили фосилавӣ фаро гирифта шуда буданд.
Владимир Путин - президенти Русия гуфт, ки вазъи коронавирус ба кишвар имкон медиҳад, ки маҳдудиятҳо яке паси дигар лағв карда шаванд.
Қазоқистон ахиран аз сабти боз 1 480 сироятшудаи нав ба коронавирус хабар дод ва шумори мубталоён дар ин кишвар ба 178 454 нафар расидааст.
Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар ИМА (CDC) дар Ӯзбекистон эпидемологҳои маҳаллиро дарси муқовимат бо COVID-19 меомӯзад. То 26 январи соли равон дар Ӯзбекистон 78 429 ҳодисаи сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст.