Пешвои миллат: Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд | Видео

Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.

Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд.

Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.

Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем.

Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.

Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд.

Илова бар ин, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум ду фоиз зиёд мебошад.

Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.

Матни комили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

барчасп: