Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борону сардиҳои рӯзҳои оянда ҳушдор медиҳад!

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 22-23 январи соли равон дар кишвар ҳаво тағйир меёбад. Дар водиҳо борон меборад ва он ба барфи тар табдил мешавад, аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ барфи шадид хоҳад борид. Дамои ҳаво шабона то 10 дараҷа ва рӯзона то 15 дараҷа сард (ғайр аз ВМКБ) мешавад.

Ҳавошиносон ҳавои тираву туман ва сардро пешгӯӣ мекунанд. Бинобар вуруди ҳавои сернами баҳри Миёназамин ва ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ сардӣ ва шамоли шадид имконпазир аст ва дар водиҳо ба дарахтон ва симҳо часпидани барфи тар пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар маслиҳат медиҳад, ки ҷиддат қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. 

Ҳангоми боридани барфи тар агар шумо дар кӯча бошед, ба симҳои барқ диққат диҳед ва агар дидед, ки ҷойе сим аз вазнинии барфи тар ва ё боди сарду сахт канда шудааст, ҳатман ба хадамоти кумаки фаврӣ муроҷиат намоед. 

КҲФ КҲФ ба ронандаҳо муроҷиат мекунад, дар сурати яхбандӣ, ҳавои пурборишу сард қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд ва хуб мешуд агар аз сафарҳои безарурат даст кашанд.

барчасп: