Оғози амалиёти наҷоти ҳашт моҳигире, ки дар Сахалин миёни баҳр мондаанд

Ҳашт моҳигир дар ноҳияи Макарови Сахалин рӯи яхпорае мондаанд, ки аз соҳил канда шудаааст. Дар миёни онҳо се нафар занонад. Дар ин бора ТААС истинодан ба мақомоти давлатии Сахалин иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки барои роҳандозии корҳои наҷот ҳоло як чархбол ба парвоз омода шудааст.

Бино ба хабари дигар субҳи имрӯз як ҳавопаймои бидуни сарнишин дар фарози баҳри Охотск бо баландгӯяд боло шуд ва ҳамаи моҳигиронро дар бораи хатари эҳтимолии ҳузур дар болои ях ҳушдор дод. Иттило дода шуд, ки нимаи дуюми имрӯз, 20 январ эҳтимоли канда шудани ях аз соҳили баҳр зиёд аст ва ин метавонад ба ҷони одамон хатар ҳам дошта бошад. Дар ин лаҳзаҳо будан болои ях хеле хатарнок аст. 

Губернатори Сахалин дар шабакаи Телеграмма хабар додааст, ки ҳоло барои наҷоти моҳигирон ҳама чораҳо андешида мешаванд. "Як чархбол омода мешавад. Ҳоло амалиёти наҷоти ин ҳашт моҳигир оғоз шудааст. Се нафари онҳо занон мебошанд”,-навиштааст губернатор.

ВА БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ:

Ҷони ҳудудан 300 моҳигир бар асари ҷудо шудани яхи бузург дар халиҷи Мордвинова дар хатар мондааст (ВИДЕО) 

барчасп: