7-уми январи соли раовн тахминан соати 18:50 дақиқа дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб мошини тамғаи Opel Astra G, ки аз ҷониби як марди 62-сола, сокини деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба ҷарии 400 метр сарозер шуд. Дар ин садамаи мудҳиш 5 нафар, аз ҷумла худи ронанда ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич буда, хешу табори наздик, ронанда ҳамсояи онҳо. Бузургсолтарини онҳо ронанда ва хурдсолтарини онҳо Сайида ном духтарчаи ҳафтсола будааст.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон дар водии Зарафшони вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расиданд ва аввалин коре, ки карданд, акумлятори мошинро хомуш намуданд, то пеши роҳи сӯхторро гиранд. Баъдан бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ ҷасади ҳамаи қурбониёни ин садамаи маргборро берун оварданд.
Бино ба гузориши имдодгарон вақти роҳандозии корҳои наҷот як нафар бо вуҷуди ҷараҳатҳои зиёд зинда буд. Имдодгарон ӯро аз мошин берун оварданд, баъди раоснидани ёрии аввалияи тиббӣ ба духтуроне, ки сари вақт расида буданд, супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз рондагоне, ки дар ин рӯзҳои сарду яхӣ азми сафар доранд, хоҳиш мекунад қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд, хеле эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.