Лифт (англисии Elevator ё to lift -бардоранда ва фаронсавии Ascense) – болобар ё осонбар, лифт, осонсур (форсӣ гирифта аз фаронсавии аscense). Дастгоҳе, ки бор ва одамонро ба боло мебарад ва ё аз боло ба поён ҳамл мекунад. Муҳаррике, ки ба василаи он аз табақаҳои боло ба поён ва аз поён ба боло одамон ва борҳо ҳамл карда мешавад. Василаест, ки колои одамонро болову поён мебарад. Лифтҳо маъмулан бо ёрии моторҳои барқӣ фаъолият мекунанд.
РУҶӮЪ БА ТАЪРИХ
Аз таърихи лифтҳо метавон зиёд навишт, вале мухтасар ҳам метавон аз гузашта ёд кард. Лифтҳо мошинҳои ибтидоианд, ки бо сохту намуди содаи худ ба кумаки инсон расидаанд. Бино ба маълумоти Донишномаи озод бори аввал дар бораи лифт меъмор ва нависандаи румӣ Маркус Витрувий (асри якуми то солшумории мо) навишта буд. Аммо ӯ ҳам ба файласуф, риёзидон, физик, муҳандис, меъмор ва ситорашиноси Юнони бостон Архимед истинод кардааст, ки дар замони худ як дастгоҳи болобар сохта будааст.
Баъдҳо дар бораи лифт дар навиштаҳои асри 6 (лифтҳо дар Дайри Екатеринаи Муқаддаси Миср), асри 18 (дар Фаронса) ва асри 17 (лифти қалъаи Винзири Британияи Кабир, “Курсии паррон”-и Велайера дар яке аз қасрҳои Порис) шаҳодат додаанд. Дар асри 18 лифтҳои мусофиркаш дар Русияи подшоҳӣ арзи вуҷуд карданд.
Истифода аз лифтҳои мусофирбарӣ ва боркашӣ ба қарни миёна ба истеҳкомҳои низомӣ бармегардад, ки ҷиҳати ҷобаҷойии он аз неруи инсон ё ҳайвоноти хонагӣ истифода мекарданд. Ҳамзамон бо рушди тамаддун ва рушди иқтисодиву тавсеаи техникӣ ва илмӣ кишварҳо бо ҳамкориҳои илмиву техникии якдигар дар мавриди рушди ҳамлу нақл ба пешрафтҳои муҳим даст ёфтанд, ки яке аз он такмили техникии лифтҳо буд.
ТАСНИФОТИ ЛИФТҲО ДАР ТАЪИНОТ
Лифтҳои мусофирбар. Махсуси одамон ва бағочи онҳо, ки аз вазни таъиншуда зиёд набошанд.
Лифтҳои борбардор. Барои болову поён бурдани борҳо бо одамон.
Лифтҳои бемористонҳо. Лифтҳое, ки дар муассисаҳои табобатӣ барои интиқоли беморон истифода мешавад.
Боркашонӣ ва мусофирбар. Барои ҳамлу нақли мардум ва бору коло. Ба андоза бузурганд ва дарҳои онҳо низ ба сони андозааашон бузурганд.
Платформаҳои боркашӣ. Барои ҳамлу нақли борҳо ҳамроҳ бо одамоне, ки ин борҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.
Борҳо бо раҳнамо. Барои ҳамлу нақли борҳо ва касоне, ки онҳоро раҳнамоӣ мекунанд.
Лифтҳои боркаш бе раҳнамо. Танҳо барои ҳамлу нақли борҳо. Онҳо тавре сохта шудаанд, ки дохил шудани одамонро номумкин кардаанд.
Лифтҳои борбари хурд. Ин гуна лифтҳо маъмулан дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо, китобхонаҳо, анборҳо ва ғайра сохта шудаанд ва аз 5 то 300 кило борро тавони бардошт доранд. Савор шудани одамон ба ин лифтҳо қатъиян манъ аст.
Лифтҳои саноатӣ. Барои насб дар биноҳои дорои гарду ғубор, ки газҳои таҳоҷумӣ ва тарканда дошта, ба ҳаёти инсонҳо ва муҳити атроф хатар доранд.
Лифтҳои муосир ҳаҷман бузурганд, ки дар онҳо ҳатто то 30 нафар ҷо мегиранд ва бо суръати аз 0,5—4 м/с (лифти маъмулӣ), То 18 м/с (лифти баландсуръат) ҳаракат мекунанд.
Лифтҳои борбар то 10 тонна борро бо суръати то 1,5 м/с мекашанд.
АМНИЯТУ БЕХАТАРӢ ДАР ЛИФТҲО
Лифт ҳарчанд як василаи хуби борбариву болову поин бурдани одамон аст, вале истифодаи он на ҳамеша бехатар мебошад. Ин хатар замоне ба ҷони инсонҳо таҳдид мекунад, ки агар дар натиҷаи ноҷӯрии техникӣ аз боло ба замин афтад ва ё кас дучори ҳамлаи ноҷавонмардонаи унсурҳои ҷиноӣ шавад. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки инсонҳо бо рафторҳои авбошона ба раванди муътадили кори лифт халал мерасонанд.
ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ИСТИФОДА АЗ ЛИФТ
Агар солҳои пеш ба сабаби ноҷӯриҳои техникӣ ҳодисаҳои аз боло ба поён афтодани лифт зиёд мушоҳида мешуд, вале такмили техникӣ ин гуна ҳолатҳоро ба маротиб кам кардааст. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин агар таноби он канда шавад, лифт башиддат дар ҷой қарор мегирад, аз ин рӯ агар лифте, ки шумо нишастаед, оина дошта бошад, кӯшиш кунед ҳамеша аз он дуртар бошед. Зеро бар асари исти башиддат оина метавонад на танҳо бишканад, балки шикастапораҳои он ба атроф паҳн шаванд ва ба аъзои бадани шумо ҷароҳат расонанд.
- ба лифтҳо аз меъёри нишондодашуда бештар савор нашавед;
- монеъи пӯшида шудани дарҳои лифт нашавед;
- якбора чанд тугмачаи онро пахш накунед;
- бачаҳои то 7-сола бояд танҳо ҳамроҳ ва раҳнамоии калонсолон савори лифт шаванд.
- Шумо ба оҳистагӣ ва бе саросемагӣ вориди лифт шавед ва танҳо ҳамон вақте ошёнаи лозимии худро интихоб кунед, ки ҳамаи хоҳишмандон вориди лифт шуда бошанд.
- Ҳангоми сӯхтори бино истифода аз лифт қатъиян мумкин нест. Зеро вуруди дуди оташи сӯхта метавонад барои организми шумо хатар дошта бошад.
- Дар дохили лифт ҳаргиз сигор накашед ва ба дигарон низ иҷозат надиҳед, ки сигор кашанд.
АГАР ЛИФТ АЗ КОР БИМОНАД...
- аввалан ҳеч гоҳе ба воҳима дода нашавед; Хонаи лифт бо дастгоҳи ҳавотозакунӣ муҷаҳҳаз аст ва шумо чандин соат метавонед он ҷо бимонед ва нафасгир нашавед.
- талош накунед, ки худсаронаву мустақилона дарҳоро боз намоед;
- аз тугмачаи даъвати дистпетчер истифода кунед, ин тугм ача маҳз барои ҳамин гуна ҳолатҳо гузошта шудааст.
- агар лифти шумо низ дорои телефон бошад, ҳат ман дар он ишора шудааст, ки ба куҷо бояд муроҷиат карддистпетчерро даъват кунед ва танҳо бо нишондоду машваратҳои вай амал намоед.
- барои диққати ҳамсояҳо ва сокинони биноро ҷалб кардан ба дари лифт кӯбед, садо бароред.
- мустақилона кушодани дарҳои лифт манъ аст, ҳаргиз ин корро накунед. Зеро лифт метавонад муддате байни ошёнаҳо дармонад ва боз ба зудӣ ҳаракат кунад, ки инро шумо намедонед.
АГАР ТАНОБИ ЛИФТ КАНДА ШАВАД...
- тугмачаи “ИСТ” (Стоп)-ро пахш кунед;
- сари ду зону нишаста ба девори лифт такя кунед, бо дастонатон ба фарш такя занед;
- ҳангоме агар дар боз мешавад, аз саросемагӣ тугмачаро пахш накунед;
- ҳар қадар ҳангоми афтиши лифт камҳаракат бошед, ба ҳамон андоза камтар зарб мехӯред.
- дониста бошед, ки дар поён амартизаторҳо (асбоб барои суст ва сабук кардани таъсири зарба дар мошину иншоот, ки бо мақсади аз ларза ва гаронборӣ ҳифз намудан истифода мешавад.) насб карда шудаанд ва аз расидани лифти кандашуда ба замин такони шадид намехӯранд.
ҲАМЛА ДАР ЛИФТ. ЧӢ БОЯД КАРД?
- То ҳадди имкон бо шахсони машкуку шубҳаовар ҳамроҳ ба лифт савор нашавед. Вале агар ин ҳодиса пеш омад, пас на ошёнае, ки худ истиқомат мекунед, балки ошёнаи дигар ва наздиктаринро интихоб кунед.
- Вале агар шумо ҳис кардед, ки ба ҷонатон хатар таҳдид мекунад, тугмачаи даъват ба ёриро пахш кунед ва ё садо бароред, бо пойҳои худ ба фарши кобина бикӯбед. Яъне, бо ҳар роҳу васила аз хатари пешомад дигаронро огоҳ намоед. Дар ин ҳол лифт аз кор бозмеистад ва ҷинояткор дар ҳоли ногувор мемонад, намедонад даст ба ҷиноят барад ва ё бо механике, ки бе ёрии вай лифт боз намешавад, рӯ ба рӯ ояд.
- Дар ҳоли ҳамла шумо қотеъона ва бо исрор амал намоед.
- Ба ҳар чизе ба дастатон меафтад, аз худ ҳимоя кунед.
БА ВОЛИДОН
Бачаҳо дар ин синну сол ба фаҳми он намерасанд, ки лифт аслан барои чӣ сохта шудааст. Бисёр вақт онҳо онро як василаи бозиву дилхӯшӣ ва рафтуомадҳои шодиовар медонанд. Ҳатто дар равуову тугмачапахшкунӣ ҳам байни худ мусобиқа мекунанд. Ҳолатҳое мешавад, ки калонсолон дақиқаҳо интизори лифт дар ошёнаҳои худанд, вале он меравад болову поён. Волидон бояд чӣ кор кунанд?
- Дар ин маврид калонсолон бояд намуна бошанд. Аввалан кӯдаконро ба танҳоӣ ба лифт фиристодан манъ аст. Метавонад ҳар кор шавад: лифт дар нимароҳ аз кор бимонад ва торикӣ тифлонро тарсонад.
- Волидон вазифадоранд ба фарзандони худ аз хурдӣ дар бораи вазифаҳои лифт фаҳмонанд ва нагузоранд, ки он василаи бозӣ барои онҳо бошад.
- Ҳангоми ворид шудан ба лифт аввал калонсолон ва баъд хурдсолон ворид мешаванд. Аммо вақти аз он бурун шудан ҳатман аввал кӯдакону занон ва баъд мардон хориҷ мешаванд. Ҳамин низом бояд барои кӯдак мисли як дарс бошад.
- Ба ӯ ҳамчунин фаҳмонед, ки танҳо метавонад як тугмачаро пахш кунад, на 2 ё 3-ро.
- Ба бачаҳо дар бораи даъвати диспетчер низ фаҳмонед ва гӯед, ки кадом вақт онҳо метавонанд дигаронро ба ёрӣ даъват кунанд.
- Ба кӯдакони худ фаҳмонед, ки бо одамони бегонаву ношинос ба лифт савор нашаванд.
- Ба онҳо фаҳмонед, ки агар ба лифт шахси ношинос нишаст, бо баҳонае зуд аз он берун шавад. Масалан гӯяд, ки дар кӯча чизеро фаромӯш кард ва ё рафтанӣ нест, чун мехоҳад боз каме бозӣ кунанд. Яъне, ба ҳеч ваҷҳ нагузоред, ки бачаҳои шумо бо шахсони ношинос вориди лифт шаванд.
- Шумо ҳатман хурдсолонро дар лифт ҳамроҳӣ кунед, онҳоро ба танҳоӣ берун нафиристед.
БАРОИ БАЧАҲО
- Агар шумо аз як лифти умумӣ истифода мекунед, пас донед, ки аввал ба лифт касе савор мешавад, ки пештар омадааст. Ҳамеша кӯшиш кунед аввал пирсолон, беморон, маъюбон ва занони кӯдакдор савор шаванд ва баъд шумо.
- Агар шумо интизори лифти калоне ҳастед, ки бор ва одамони зиёдро меғунҷонад, ҳатман барои савор шудан пешакӣ навбат гиред.
- Агар шумо ба ошёнаи дуюм ва ё ҳатто сеюм рафтаниед, пас аз зинаҳо истифода кунед, зеро барои боло шудан ба масофаи наздик шарт нест, ки ҷойро дар лифт банд кунед. Вале агар вазъи саломатиатон хуб нест, пас аз ҳама охир савор шавед ва огоҳ созед, ки шумо ҳамагӣ то ошёнаи 2 ё 3 меравед.
- Боқӣ ҳамаи қоидаҳои бехатарие, ки боло ном бурдем, барои бачаҳо низ дахл дорад.
Бо истифода аз маводҳои ИНТЕРНЕТ таҳияи Б.Шафеъ