Қоидаҳои бехатарӣ

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ. Барои пешгирӣ аз сироят ба короновирус чиро бояд донист?

Хеле саривақтист агар мо бояд донем, ки барои сироят нашудан ба ин вируси балоовар чӣ кунем? Тавсияҳо кумак хоҳанд кард, ки ҳадди хатар коҳиш ёбад ва моро аз сироят ба вирус эмин дорад. Иҷрои тавсияҳо мушкил нестанд, муҳим он аст, ки риоя кунем. Саломатии инсон дар дасти худи инсон аст. Ҳеч табибе табибтар аз худи мо нест, чун ин саломатии мост. Пас то он ки тан ниёз ба табиб пайдо кунанд, онро худи мо бояд муолиҷа кунем.

Короновируси 2019 – н КоВ: Аввалин дастур ҷиҳати ҳимоя аз ин вирус, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омода кардааст

Бештар аз як моҳ аст, ки дар бораи густариши короновируси чинӣ сару садоҳо баланд шудаанд. Имрӯз он аллакай аз марзи Чин берун рафтаву даҳҳо кишварҳои дигарро ҳам фаро гирифтааст. Мамлакатҳои ҷаҳон чораву тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати коҳиши хатари сироят ба ин вируси кушанда меандешад. Яке марзашро ба рӯйи чиниҳо ва ҳама афроди омада аз Чин мебандад, дигаре кулли иртиботҳои ҳавоиву заминиро бо Чин ...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Борандагиҳои шадид, яхбандӣ, лағзиши тарма...

Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон ахиран аз тағйири ҳаво дар саросари кишвар хабар дод. Қарор аст охири ҳафтаи ҷорӣ ҳаво сардтар шавад, борон борад ва ин борон ба барфи тар табдил ёбад. Бахусус дар кӯҳҳо барфи шадид меборад, ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ муддате вазнин мешавад.  Яхбандӣ ва лағзиши тарма аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: БАРФУ БОРОН ВА ХАТАРИ ТАРМА ДАР РОҲҲО!

Бино ба маълумоти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаби гузашта дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъаи ВМКБ, Истаравшани вилояти Суғд, Ховалинги вилояти Хатлон, минтақаи Рашт барф ва дар ноҳияҳои тобеъи марказ, Кушониён, Бохтар, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Душанбе борон борид. Боқӣ дар ҳама нукоти кишвар ҳаво абриву сард буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди

Ба кӯдакон аз амният. Филми тасвирии “Соли нави бехатар”

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш миёни кудакон ва наврасон ҳангоми рафтори нодуруст дар вақти ҷашнгирии соли нав Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филми тасвирии “Соли нави бехатар”, ки аз ҷониби ҳамкасбони мо аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус омода гаштааст, манзур медорад.

Страницы