Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон ахиран аз тағйири ҳаво дар саросари кишвар хабар дод. Қарор аст охири ҳафтаи ҷорӣ ҳаво сардтар шавад, борон борад ва ин борон ба барфи тар табдил ёбад. Бахусус дар кӯҳҳо барфи шадид меборад, ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ муддате вазнин мешавад. Яхбандӣ ва лағзиши тарма аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ки шояд дар ин рӯзҳо ба вуҷуд оянд, як силсила тавсияҳоро ёдрас мекунад.
КҲФ ба сокинони деҳот, минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ муроҷиат мекунад: ҳангоми гарм кардани хонаҳо, лутфан қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоед, ба хатҳои интиқоли барқ асбобҳои гармкунандаи зиёди барқиро пайваст накунед, ноқилҳо ҳар кадам тавони муайяну мушаххаси бардошт доранд. Тирезаҳо ва ҷойҳои шамолдарои хонаро пӯшед ва гармии кулбаро нигоҳ доред. Ва ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт хеле эҳтиёткор бошед, дудбарои печҳоро боз монед.
Ҳангоме барфи тар меборад, талош кунед вақти гузар аз кӯчаҳо ба хатҳои барқ таваҷҷуҳ намоед ва агар хатҳои кандашудро мушоҳида намудед, пас фавран ба хадамоти фаврӣ хабар диҳед.
Ғайр аз ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд, зиракиро аз даст надиҳанд, аз сафарҳои бидуни зарурат ба маҳалҳои хатарнок, роҳҳои пурхатари нақлиёт, ғунучини ҳезум ва рафтан ба кӯҳҳову доманукӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Дар натиҷаи бориши пуршиддати барф, тағйири ҳарорати ҳаво дар бомҳои хонаҳои гуногун метавонад барфтӯда ғарам шавад ва аз вазнинӣ ба зер лағжад, ки ин боиси мушкили дигар дар роҳҳо мешавад.
Барои гурез аз ҳодисаҳои нохӯш КҲФ аз роҳбарони ҳамаи муассисаҳо, ҳамчунин соҳибони хонаҳои хусусии истиқоматӣ даъват мекунад бомҳои хонаҳои худро тафтиш кунанд ва онҳоро аз барфи зиёд, шушаҳои овезон пок созанд. Ҳамзамон ба соҳибони ин хонаҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тоза кардани бомҳо ҳамеша аз эҳтиёт кор гиранд ва ин амалҳоро бе ягон саросемагӣ анҷом диҳанд.
Вақте ҳаво сард мешавад, шабонгаҳон метавонад дар лабгӯшаи бомҳо шушаҳо овезон шаванд. Рӯзона вақте ҳаво каме гарм мешавад, хатари об шудану канда шудани онҳо вуҷуд дорад ва ин дар баъзе ҳолатҳо метавонад сабаби ҷароҳатдор шудани одамон ва ҳатто мошинҳое гардад, ки зери девори ин хонаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Ин аст, ки КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ҳангоми гузар аз чунин мавзеъҳо эҳтиёт кунанд.
Зикр бомаврид аст, ки ҳангоми яхбандӣ шумори ҷароҳатбардоштангон дар кӯчаҳо: зарбхӯрдагон, устухонбеҷошудагон устухоншикастагон меафзоянд. Барои ин пеш аз ҳама ба пойафзоли худ диққат диҳад, то лағжонак набошад. Занон беҳтараш муддате аз пӯшидани пойафзолҳои баланпошна худдорӣ варзанд.
КҲФ ҳамчунин ба мошиндӯстдорон муроҷиат мекунад: дар ҳоли ях бастани роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ронандагиро ҷиддан риоя кунанд. Аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем: Дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохӯши дигар дар роҳҳо шаҳрвандон ва меҳмонон метавонанд бо телефонҳои қисми навбатдории КҲФ:
112;
93 880 28 19;
23-13-11.
муроҷиат намоянд.