Бештар аз як моҳ аст, ки дар бораи густариши короновируси чинӣ сару садоҳо баланд шудаанд. Имрӯз он аллакай аз марзи Чин берун рафтаву даҳҳо кишварҳои дигарро ҳам фаро гирифтааст. Мамлакатҳои ҷаҳон чораву тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати коҳиши хатари сироят ба ин вируси кушанда меандешад. Яке марзашро ба рӯйи чиниҳо ва ҳама афроди омада аз Чин мебандад, дигаре кулли иртиботҳои ҳавоиву заминиро бо Чин маҳдуд мекунад ва ё куллан мебандад. Аммо бо вуҷуди ин вирус аз рӯз ба рӯзи дигар доираи ҷуғрофии сирояти худро васеъ мекунад. Тибқи омори ахир ҳоло дар Чин бештар аз 20 ҳазор нафар чун сироятшудаи ин вирус ба қайд гирифта шудаву теъдоди ҳалокшудагон ба 425 нафар расидааст. Берун аз хоки Чин 150 нафар мубталоёни ин беморӣ сабти ном шудаанд. 2-уми феврали соли равон аввалин куштаи ин беморӣ берун аз хоки Чин – дар қаламрави Филиппин ба қайд гирифта шуд.
Аммо беҳтарин тадбир он аст, ки инсонҳо худ барои ҳифзи саломатии худ меандешанд. Ва ин тадбирҳо зиёд ҳам нестанду мушкил ҳам. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури ҳимоя аз короновируси 2019 –н КоВ-ро омода кардааст, ки ба сурати як дастури таблиғотӣ паҳн карда хоҳад шуд. Шумо онро ин ҷо метавонед мутолиа кунед.